Ба ҳар навъе, иваз созем ҷою ҷомаро охир, Ба номи худ фиристонем охирномаро охир
215 Муфассал
Туро номурда куштам ман,Туро дар хеш гӯрондам.
Аз он соғар ба каф дорам, ки андар соғарат бинам,Ки худро масту азхудрафтаву ошиқтарат бинам.
Ба ту ошиқ шуданду роз гуфтанд,Суханҳои ҳавоӣ гуфта рафтанд.
Ба дил сад достон мемирам охир,Чу гул дар бӯстон мемирам охир.
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Гузаштам аз раҳу бероҳаҳо, аз кӯҳу дарёҳо,Зи даштистони бедоду зи бефарёд саҳроҳо.
Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагӯям.Кӣ шикаст муҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям.
Эй ҳамватан, ба ҳамдигар чунучаро чаро?Кардем базмхонаро мотамсаро чаро?
Сар бибозам ба сарафрохтагон,Ошиқам бо дили дилбохтагон;