Туро номурда куштам ман,
Туро дар хеш гӯрондам.
Биё, худро зиёрат кун!
Биё, як дам нишин дар гӯшаи вайронаи қалбам,
Ба ёди рӯзҳои рафта беҳосил пушаймон шав, маломат кун.
Ба ёдат гирдгаштанҳои дунёро надонистам,
Сафар бигзашту мисли сафҳаи тақвим кам гаштам,
Зи ту оростам аз баҳри худ меҳроби ихлосе,
Фурӯ рафтам ба худ, аз баҳри худфарсоӣ бигзаштам.
Ба гӯшат шеър хондам,
Ба ту аз олами фардои худ пайғомҳо додам.
Таҷассум карда дар рӯи ту ҳусни ҷумла хушрӯён
Ба рангу ҷилваҳои ҳусни хубат номҳо додам.
Дареғо навбаҳори бебарори орзуҳоям!
Дареғо хонаи навсохта нодида меҳмонам!
Ман акнун дар вуҷуди хеш хоҳам сохт қабристон,
Ман акнун бар гузашти хештан падруд мехонам!
Муҳаббат гар набошад, қадрдонӣ ҳаст дар одам,
Садоқат гар набошад, ҳаст расми посдориҳо.
Ту эй бегонаи чашмошно, ҷое бихоҳӣ рав,
Ба ту пайғом хоҳам дод рӯзе мурдани худро.
Туро дар хеш гӯрондам,
Ман акнун гӯрбонат мешавам то охири умрам.
Маё бар дидани ман, лек гоҳе ёд кун худро,
Биё худро зиёрат кун.
30.3.1965
* * *
Ман ӯро мешиносам.
Китоби ҳастии ӯро нахонда,
Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо?
Агар донед, к-ӯ ҳам
Як дили пурорзу дорад,
Ҳамеша ҷустуҷӯ дорад,
Намехондед ҳазёнҳо!
Ман ӯро мешиносам.
Ба назди мардум аз мардӣ
Ҳамехандад ҳамеша, гар сарафроз асту гар сарпаст.
Вале дар хилвати шабҳо,
Миёни оташи табҳо,
Газида аз ғазаб лабҳо
Чӣ кӯдаквор мегиряд.
Агар донад, ки мебинад касе
Намегиряд, ки ин айб аст.
Гуноҳи худ, бади худро
Бигӯяд бо забони ҳол,
Намегӯяд, ки мегӯянд мардум номи ӯ Маҷнун.
Бигӯяд гар ту ёри ман,
Ва ё ки ғамгусори ман,
Ва ё асрордори ман,
Маро гар дӯст медорӣ, сагамро ҳам навозиш кун!
Чӣ ранҷонед, эй мардум,
Чунин як тифли маъсумро?
Гузоредаш, кунад дар ҳар куҷо бечорагияшро.
Гараш бори гарон омад,
Гараш бими хазон омад,
Гараш аз содарасмӣ қисмати номеҳрубон омад,
Маяфшоред,
Маковедаш, ки созад бахти худ пайдо!
Ман ӯро мешиносам,
Надорад хандаи шайтон.
Ба шаънаш кам бипардозед з-ин пас тӯҳмату бӯҳтон!
3.5.1965
Дида шуд: 213