Ё аз забони дӯст шунав достони дӯст,Ё аз забони он, ки шунид аз забони дӯст.
226 Муфассал
Ёри мо азми сафар карду худо ёраш бод,В-аз хатарҳои сафар ҷумла нигаҳдораш бод!
То кай зи чароғи масҷиду дуди куништ, То чанд зиёни дӯзаху суди биҳишт?!
Ин чарх чу тосест нагун афтода,Дар вай ҳама зиракон забум афтода,
Маранҷ аз захмӣ хор,эй гул дар ин боғ, Ту гар як доғ дори,ман дусад доғ.
225 Муфассал
Мурдагон дар гӯр кай берун зи дунё будаанд?!Дар ҷаҳони бемуаммо пурмуаммо будаанд!
Мулк сангистону мо бесангарем,Сар ба сар сардору мо бесарварем.
Дил ба дарё бизанам, то дили дарёе ҳаст,Сар ба савдо бизанам, то сару савдое ҳаст.
Дилам месӯзад имшаб аз ғами ҷонсӯзи маҳҷурӣ,Дилам мегиряду мегиряд аз тақдири маҷбурӣ.
Ҳадиси сарв кӣ гӯяд ба пеши қомати дӯст,Ки сарбаландии сарви сиҳӣ зи қомати ӯст.