Маранҷ аз захмӣ хор,эй гул дар ин боғ,
Ту гар як доғ дори,ман дусад доғ.
Ба бонги саг намон аз рафтани роҳ,
Ки саг озори кас хоҳад ту Аллоҳ.
Ҳазорон корвон рафтанд дав дав,
Ҳанӯз ин сагҳо доранд ав -ав.
Ниҳоли мевадори хубу хушранг,
Зи ҳарсу мезанандаш кӯдакон санг.
Бувад мункар мисоли тифли нодон,
Зи нодони кунанд таъна ба мардон,
Миёни нафъу зарр оқил кунанд фарқ,
Чи ақл аст, ки ба исёнҳо шави ғарқ
Дида шуд: 224