Ошиқи рӯи сафеду чашми тобони туам,Ошиқи лабханди гулрезу гулафшони туам.
201 Муфассал
Боз аз он ҷо мегузаштам,Бо чӣ вазъу бо чӣ савдо мегузаштам.
Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил, ҳалолат бод!Ба чанги ин ҳама дарду ғамон, эй дил, ҳалолат бод!
Агар мо метавонистемҲар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем,
Чанд рӯзам монда ё на дар ҷаҳони бекарона,Мерасад умрам ба поён мисли поёни фасона.
Зи ту болотар, эй болонишин, болонишине ҳаст,Туро гар чини абрӯе, маро чини ҷабине ҳаст.
Дасту поям канда шуд аз осмон,Канда шуд меҳри дилам аз дӯстон.
Набуд гар хонаи чашми ту, ман бехона мемурдам,Агар бегонадил мебудӣ, ман бегона мемурдам.
Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид,Расонд мужда, ки шоҳи ҷаҳонпаноҳ расид.
Эй ба назора карда рӯ, мавкиби моҳи ман нигар,Хайли бутон сипоҳи ӯ, ҳашмати шоҳи ман нигар.