Агар...

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Агар мо метавонистем

Ҳар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем,

Агар мо метавонистем

Рози синаи ҳар мурдаро некӯ биёмӯзем,

Агар мо метавонистем

Шеъри нотамоми шоири фавтидаро

Он сон, ки ӯ мехост, бинвисем,

Чу ӯ пурсӯзу пурэҳсос бинвисем,

Агар мо метавонистем

Кулли обҳои рафтаро аз нав ба ҷӯй орем,

Ба кӯи рӯзгоре, ки гузашта, боз рӯй орем,

 

Ба мисли он ки ҷарроҳони ҳозиқ

Чок карда синаи ҳар мурдаро

дарди варо ташхис месозанд,

Агар мо метавонистем,

Як дам дар сукути лаҳзаи мотам

барои қадри ӯ аз рӯи коғаз не,

Зи сӯзи дил,

Зи мағзи ҷон сухан гӯем,

 

Агар мо метавонистем,

Кулли он китоберо,

Ки андар оташи ҷаҳли палидон сӯхт,

Андар хокбоди солҳои бесару сомон ҳама гум шуд,

барои равшании роҳи кӯрони ҷаҳонбон сӯхт –

Китоберо, ки мероси хирадмандони тоҷик буд,

Китоберо, ки шарҳи дарди бедармони тоҷик буд,

Ба ҷои махзани тиллову аркони аморатҳо

Ба нархи ҷон нигаҳбонӣ кунем...

Агар мо метавонистем...

Агар мо метавонистем...

 

Шигифто!

Метавонистем агар ҷои ҳама беҳудагӯиҳо,

ба ҷои Қофро бо лофи пур реге шуморидан,

ба ҷои реги худро нораво Қофе гуморидан,

ба ҷои обҳоро лой кардан,

Гулӯи чашмаеро санг мондан, ба худ жӯлидаву побанд мондан

хешро аз хештан озод бинмоем!

 

Ба ҷои ин ҳама гар метавонистем

Даме бо амри виҷдон хешро санҷем,

Гуноҳи хешро бо Довари виҷдони худ биншаста, рӯёрӯй бишморем,

ба дасти хештан худро ҷазо бидҳем,

 

Агар мо метавонистем

Ҳар дам рахнаи имону виҷдонро

Зи нав таъмир бинмоем,

Дили худро,

Сиришти хешро тармим карда,

Номаи аъмоли худро нав ба нав таҳрир бинмоем,

 

Агар мо метавонистем «агар»-ро аз забон хориҷ кунему бе «агар»

Ин орзуҳоро ба ҷо орем,

 

Ҷаҳони мо ҷаҳони созгоре буд,

Ҳамеша пурбаҳоре буду зебо рӯзгоре буд...

1981

 

* * *

Ҷавонмаргони шеъру шоирӣ!

Ҷавонмаргони илму донишу фарҳанг!

Чаро барвақт аз дунё гузаштед?

Сари сабзу забони сурхатонро,

Ҷавониву хушиҳои ҷаҳонро

Фидои як нафас туғёни эҳсосоти худ кардед,

Шумо афрӯхта сад машъали ҷовид, дар ҳукми шарар мурдед.

 

Ҷавонмардон!

Ҷавонмардон!

Рафаэллову Лермонтов,

Дақиқиҳову Шоҳинҳо,

Маяковскию Байрону Лорка,

Ва Мотсарту Петефиву Есенинҳо,

Ва Пушкинҳо, Гагаринҳо,

Ҷавонмарг ар намерафтед бо ҳукми худу даврон,

Ҷаҳон беҳтар ҷавон мешуд.

Гар, эй истораҳои аз фалак афтода, дар хоки сияҳ мурда!

Ба рӯи ин замини беситора ҷамъ мегаштед,

Замин кайҳо баланду покрӯ чун осмон мешуд.

1981

 

* * *

Рӯз аз рӯз умр мегузарад,

Мешавам ҳар дақиқа дур аз хеш.

Чил баҳорам ба шӯхию мастӣ

Рафтаю ман нишаста беташвиш.

 

Баччаи содаи куҳистонӣ

По ниҳодам ба арсаи дунё,

Аз китобу катибаҳо ҷустам

Роҳи дунёву рози ҳастиро.

 

Одамонро чу ганҷи номакшуф

Хостам ёбаму биомӯзам.

То зи ҳар сатри чини пешонӣ

Дониши беқиёс андӯзам.

 

Одамизод чун сипеҳри баланд

Буда беибтидою беанҷом.

Гарчи пешиталаб бувад доим

Пеши таърих коҳил аст мудом.

 

Хостам сирри ишқ дарёбам,

Сирри ӯ сад баҳои сар будаст.

Он, ки ман дилкашоли ӯ будам,

Дилкашоли каси дигар будаст.

 

Боз дар хештан фурӯ рафтам,

Боз худро сириштам аз меҳнат.

Дили пуртоқату ҷавонмардӣ,

Сари пуршӯри ман – зиҳӣ давлат!

 

Бемуҳобот зиндагӣ кардам,

Бемукофоту рутбаю унвон.

Воқиан, пок зистан оё

Худ мукофот нест, эй ёрон?!

 

Сол аз сол умр мегузарад,

Ман ҳам охир зи даҳр мегузарам.

Лек то зиндаам, ба чашми замон

Сурхрӯ, сарбаланд менигарам.

1981

 

* * *

Саҳар чун офтоб аз хоб бархезад,

Ҳама аз хоб мехезем

Барои хидмати дунё камар баста,

Ба амри зиндагонӣ ҳар тараф рахти сафар баста.

 

Ҷаҳон дар рӯ ба рӯи мо ба монанди адӯи мо

Ва мо бо ӯ тамоми рӯз меҷангем.

Тамоми рӯз мисли анкабут аз баҳри сайди нафси худ анфаст мебофем,

Ба ду по гоҳ мелангем,

Гаҳе беҳуда мелофем.

 

Дари худро ба рӯи мо саҳар чун боз бинмояд,

Дари нафсу дари чашмони носеру дару тирезаҳои хешро мо ҳам

Ба рӯи офтобу рӯзи нав бо шавқ бикшоем,

Ки то имрӯз ҳам аз зиндагонӣ нақди умри хеш бирбоем.

 

Дари дӯкони худро боз карда кӯҳнадӯзи пир

Ба кафши раҳгузарҳо чашм медӯзад.

Ҳамехоҳад:

Ҳама офоқ бо кафши дарида пеши ӯ ояд.

 

Дари майхонаашро боз карда, майфурӯши пир

Ба чашми раҳгузарҳо чашм медӯзад.

Ҳамехоҳад, ки аз баҳри сабӯҳӣ сар ба сар дунё давида пеши ӯ ояд.

 

Заноне, ки тамоми шаб нахуфта зи танҳоӣ ба рахти хоб нолида,

          саҳар норозӣ аз тақдири ошуфта, зи рахти хоб бархезанд,

Ба чашми раҳгузарҳо бо танаффур чашм медӯзанд.

 

Вале марде, ки шаб то субҳ хуфта бо зани бегона дуздона

Ҳама шаб бода хӯрда, ком бурда,

Канори хешро аз атри оғӯш анбарин карда,

Саҳаргаҳ шалпару бефарра аз ҷогаҳ бурун ояд,

Ба чашми раҳгузарҳо бо тафохур чашм медӯзад.

 

Пас аз мастии беандозаи риндона шаб то субҳ

Бубинӣ майгусореро,

Ки бо андоми хаста, бо нигоҳи кунд, бо чашми варамкарда

Қасамҳо мехӯрад бо худ,

Ки дигар май нахоҳад хӯрд...

 

Бубинӣ ошиқи хушкомро,

К-имшаб зи ёраш бори аввал бӯсае бистонд,

Қадам монад ба рӯи роҳ мисли ғолиби майдон,

Ки гӯӣ аскаре аз корзорон қаҳрамон омад...

Саҳар поёни торикиву мастиву сияҳкорист.

Саҳар моро зи нав меофарад поку шарофатманд.

Шаби торик агар бошад гунаҳпӯш,

Саҳар моро бишӯяд аз гуноҳу бо ҷаҳон аз нав кунад пайванд.

 

Агар рамзошноӣ ту,

Агар борикбинӣ ту,

Агар чашмат зи манзарҳои субҳ асрор меҷӯяд,

Саҳар монанди чашмони ҳамабини ҳақиқат

Неку бадро беибо гӯяд.

 

Саҳаргоҳон

На шабнам дар рухи гулҳо,

На овози хурӯси субҳ,

На булбулҳои хушилҳон,

На андоми арӯси субҳ

Маро бар ваҷд меорад.

Маро ин як суоли ҷовидонӣ доимо саргарм медорад:

 

Саҳаргаҳ аз чӣ дар, бо чӣ умеду орзуе одамон бар олами ҳодис бурун оянд?

Чиро гум карда буданду чиро гум мекунанд имрӯз?

Ба кӣ дил баста буданду зи кӣ дил мекананд имрӯз?

Зи асрореву афкоре, ки доранд аз барои мо чӣ мегӯянд?

Аз ин дунё чӣ мехоҳанд?

Аз ин дунё чӣ меҷӯянд?

 

1981

 

* * *

Як замоне –

Дар ҷавонӣ

Гармии бозори дил буд.

Ҳамчу ганҷи зиндагонӣ

Ишқи ёре ёри дил буд.

 

Бо ҳама сӯзу навое,

Бо ҳама афсонабозӣ,

Бо камоли дилрабоӣ,

Бо шукӯҳи дилгудозӣ

Кори мо худ кори дил буд.

 

Хомсӯзи оташи дил –

Гоҳ хому гоҳ бирён,

Ташнаи девонагиҳо

Ҷону дил муштоқи исён...

Олами рӯҳ, олами ҷон

Равшан аз анвори дил буд.

 

Олами пурофтобе доштем,

З-оташи дил обутобе доштем.

Байни обу байни оташ

Бо дили худ сарҳисобе доштем.

Ҳар ғаме, ки буд дар дил,

Ишқ худ ғамхори дил буд.

 

Як замоне

Чун насиби зиндагонӣ

Давлати мо давлати бедори дил буд.

Шоирӣ буд...

Ошиқӣ буд...

Шоири маҷнунтабиат –

Лоиқе буд...

1981

 

* * *

Дар дили ман чи мурдаҳо зинда,

Дар дили ман чи зиндаҳо мурданд.

Аз дилам дилбарон чу музди висол

Пора-пора ба чор сӯ бурданд.

 

Ними дил андаруни синаи ман

Метапад бо умеду армонҳо,

Гоҳ гарми такодави айём,

Гаҳ шикаста чун аҳду паймонҳо.

 

Зарра-зарра дилам тамом шавад,

Дар ғами ишқи ёри дилхоҳе.

Зиндагонист баски қурбонгоҳ,

Зиндагонист баски худкоҳӣ...

1981

* * *

Биё, ки бахти ҷавонро ҷавон ба бар гирем,

Ба кӯи дил биравему аз ӯ хабар гирем,

Зи кӯрдуд чӣ ҳосил, баланд даргирем!

 

Биё, ки дарди ту бо ман аниси дерин аст,

Азоби ишқи мунират азоби ширин аст,

Биё, ки з-оташи дил хирмани шарар гирем!

 

Биё, ки пар бикушоем сӯи дуриҳо,

Занем бар сари дунёву ин сабуриҳо,

Ҳама замину замонро ба зери пар гирем!

 

Чӣ шӯхшанги балоӣ, чи ҳадди тамкинӣ,

Ҳазор бор бубинам, ҳамон нахустинӣ,

Биё зи ишқи дубора шукӯҳу фар гирем!

 

Биё, ки умри фирорӣ ба мо замон надиҳад,

Миёни мову ту дурӣ? Худо нишон надиҳад!

Биё зи ишқ ба рағми қазо сипар гирем!

 

Ҳанӯз навбати ишқу ҷунуни дил аз мост,

Насиби заҳри гуворову хуни дил аз мост,

Зи умр ҳар чӣ тавонем, он қадар гирем!

 

Хаёли ту чу набошад, камоли ман ҳеҷ аст,

Ҷамоли ту чу набошад, ҷалоли ман ҳеҷ аст.

Биё чу дарди диле ҳаст, шеъри тар гирем!

 

Биё, ки тирамаҳу мавсими хазонрез аст,

Нигоҳи хастаи хуршед дардангез аст,

Биё, баҳор кунем, ошиқӣ зи сар гирем!

1981

 

* * *

Тавлид шавам агар дубора

Бо ин ҳама шавқу шӯру идрок,

Бо ин ҳама рои дилшиносӣ,

Бо ин дили оташину бебок;

 

Тавлид шавам агар дубора

Бо шӯру ҷунуни шоирона,

Бо ин ҳама рамзошноӣ,

Бо ин ҳама нағмаю тарона; –

 

Дониста ниҳам зи рӯи тадбир

Дар зиндагӣ пои хештанро,

Дар рӯи замини бекарона

Бишнохта ҷои хештанро.

 

Аз ҷумла хатои хеш ёбам

Тадбири дигар, тариқи дигар.

Аз ҷамъи ҳазор ёру ноёр

Бунёд кунам рафиқи дигар…

 

Тавлид шавам агар дубора

Дар соҳили рӯд хона созам.

Биншаста ҳамеша дар лаби рӯд

Рӯҳу дили хешро навозам.

 

Андар лаби об ҳамчу Ҳофиз

Умри гузарон азиз дорам.

Бо хирасарони булфузуле

Аз шеъру адаб санад наёрам.

 

Тавлид шавам агар дубора

Такрор кунам ба шодмонӣ

Он чор хатои шоирона,

Он чор хатои ҷовидонӣ:

 

Ман боз хурам шароби гулгун,

Ман боз ба шеър ишқ орам,

Дилро бикунам зи ишқ зардоб,

Дар зонуи ёр сар гузорам…

1981

 

* * *

Ин ишқи дилгудоз, ки эҳсони зиндагист,

Дар синаи хамӯши мо меҳмони зиндагист.

Як рӯди пурхурӯш ба саҳрои орзу,

Як рӯзи офтобии даврони зиндагист.

 

Ин ишқи ҷонфурӯз, ки фармудаи дил аст,

Осоиши хурӯҷи наёсудаи дил аст.

Як ғунчаи ҳанӯз набӯидаи умед,

Як роҳи то ҳанӯз напаймудаи дил аст.

 

Ин ишқи хонасӯз, ки туғёни орзуст,

Дар ҷисми сард шуълаи сӯзони орзуст.

Як лаҳзаи навозиши ҷони ниёзманд,

Як саҳнаи намоиши исёни орзуст.

 

Ин ишқи дилфиреб фиребаш зиёда бод,

Аз давлати висол насибаш зиёда бод.

Дорам диле, ки бо раҳи осон намеравад,

Ранҷи раҳи фарозу нишебаш зиёда бод.

 

Ин ишқи синасӯз, ки инъоми зиндагист,

Як ғулғула ба олами ороми зиндагист.

Оғози ӯ хуш аст, ки оғози бахти мост,

Анҷоми ӯ мабод, ки анҷоми зиндагист...

1981

 

* * *

Оваҳ, оваҳ, чи тирамоҳе буд,

Ки хазонаш баҳори дилҳо дошт.

Ба сари мо хазон чу гул мерехт,

Ҳар хазоне гули таманно дошт.

 

Мекашиданд оҳи ширине

Зери по баргҳои ошуфта –

Гӯӣ ҳар барг метапид аз таб,

Ки ба лаб дошт шеъри ногуфта.

 

Аз раҳи ҷангали хазонафшон

Ошиқони баҳор мерафтем.

Ба сари мо гули хазон мерехт,

Беғам аз рӯзгор мерафтем.

 

Суҳбати мо зи маншаи дил буд –

Аз баҳору хазони олами дил.

Аз мақоми баланди давлати ишқ,

Аз шукӯҳи талотуми ғами дил.

 

Мо ду мавҷуди ташнадил будем,

Дили мо ташнаи муҳаббат буд.

Ҷони мо ташнаи ҷавониҳо,

Чашми мо ташнаи назокат буд.

 

Тирамаҳ! Эй мусофири рухзард,

Аз баҳори гузашта ёде кун.

Гарчи дер аст, ҷуз хаёле нест,

Аз ҳама дарду ранҷ шодӣ кун.

 

Тирамаҳ! Баргҳои зарди ту

Аз баҳори дилам нишонҳо дошт.

Хайр, эй тирамоҳи заркокул,

Ки хазонат чи гулфишонҳо дошт.

1981

Дида шуд: 200