Замин – модар! Барои мушти хокат
Фидо кардам дилу ҷону сарамро.
Агар ту модарӣ, баҳри худо гӯй,
Чаро аз ман рабудӣ модарамро???
* * *
Ду-се дам комронӣ ҳам накардӣ,
Ба ҷонон ҷонфишонӣ ҳам накардӣ.
Ҷавонии ту шуд доғи дили мо
Ҷавон рафтӣ, ҷавонӣ ҳам накардӣ.
* * *
Ҷаҳоно, ормонам кам шикастӣ,
Ниҳоли қоматам дарҳам шикастӣ.
Асои пирӣ будам баҳри модар,
Асои модарамро ҳам шикастӣ.
* * *
Чи шуд, эй ҷону эй ҷонони модар,
Ба дарду доғат аз ҷон сер кардӣ.
Начида як гуле аз боғи дунё,
Ҷавон рафтию моро пир кардӣ.
* * *
Ту моро комрон кардӣ, падарҷон,
Қатори одамон кардӣ падарҷон.
Ту дар зери заминӣ, лек бар мо
Заминро осмон кардӣ, падарҷон.
* * *
Модаро, даҳ кӯдак аз ту ёдгорем,
Аз туву аз шири покат қарздорем.
Рӯзе гар аз осмон ахтар бигирем,
Чун чароғе бар сари гӯрат биёрем.
* * *
Носӯхта дар оташи ишқ, эй додар,
Дар куштани сӯхтор куштӣ дили хеш.
Мо ҷумла зи доғат дили бирён дорем,
Ин буд магар умрат аз ҳосили хеш?
* * *
Ба сар омадему ба по меравем,
Ба дар омадему бадар меравем.
Падар доштему модар, дареғ,
Ки бемодару бепадар меравем.
* * *
Рафтӣ баногаҳ зи ҷаҳон, додарам,
Чун гули Наврӯз ҷавон, додарам.
Бе ту чӣ пайдо кунам аз рӯи хок,
Чун туӣ дар хок ниҳон, додарам?
* * *
Сари гӯрат нишастам, оҳ модар,
Чу абри тар гиристам, оҳ модар.
Дили худро ба санги рӯи гӯрат
Задам бо ғам, шикастам, оҳ модар.
* * *
Аё модар, мададгорам ту ҳастӣ,
Зи ҳар офат нигаҳдорам ту ҳастӣ.
Агарчи хуфтаӣ андар дили хок,
Чароғи бахти бедорам ту ҳастӣ.
* * *
Ҷонон падаро, аз сари дунё рафтӣ,
Дунё чӣ бувад, ки аз сари мо рафтӣ.
Ҳар бор сафар рафтаву меомадӣ боз,
Ин бор бигӯ куҷо тамошо рафтӣ?
* * *
Баракат рафт аз барам он рӯз,
Падарам, чун ту аз барам рафтӣ.
Осмон бар сарам фурӯ омад,
Падарам, чун ту аз сарам рафтӣ.
* * *
Бирафтӣ аз ҷаҳон рӯзе надида,
Ғами ишқи дилафрӯзе надида.
Канори хок рафтӣ, додари ман,
Канори ёри дилсӯзе надида.
* * *
Оҳу фиғон аз нуҳ фалак,
Нуҳ кӯдакат бечора монд.
Гаҳвораи ту шуд замин,
Тифли ту дар гаҳвора монд.
* * *
Аё модар, ки ҷонам офаридӣ,
Барои ман ғами дунё кашидӣ.
Ба он дил, он дили бесабру ором
Чӣ сон андар дили хок орамидӣ?
* * *
Зи дунёву ҷавониву муҳаббат
Напаймуда насиби дил, гузаштӣ.
Ту ҷустӣ чораи дарди ҳама, лек
Зи дарди ҷони худ ғофил гузаштӣ.
* * *
Худ на танҳо рафтӣ новақт,
Гӯиё ҳам бурдӣ моро.
Сар ба зери хок бурдӣ,
Хок бар сар кардӣ моро.
* * *
Зинҳор ту саргарми муросо нашудӣ,
Савдозадаи давлати дунё нашудӣ.
Тире ба ҷигар хурдӣ зи дасти номард,
Бобо будӣ, дареғ бобо нашудӣ.
* * *
Ҳама шодии дил нодида рафтӣ,
Гуле аз боғи дил ночида рафтӣ.
Зи асрори амал огаҳ шудӣ, лек
Ба асрори аҷал печида рафтӣ.
* * *
Напаймуда ҳама дунёи дилҳо,
Нафаҳмида ҳама савдои дилҳо,
Ба дунё ғарқ гардидӣ, сад афсӯс,
Нахӯрда об аз дарёи дилҳо.
* * *
Кӣ биҷӯяд дили фигори маро?
Дилу ҷони ҷареҳадори маро?
Ёдгорам ту будӣ дар ин хок,
Бурдӣ бар хок ёдгори маро.
* * *
Аз ин гулбоғи рангоранги беранг
Зи сад гул як гулат нашкуфта рафтӣ.
Ҳама боғи дилат андар дили хок,
Канори ҳамдиле нохуфта рафтӣ.
* * *
Дигар ту нашнавӣ фарёди моён,
Набинӣ чеҳраи ношоди моён.
Падарҷон, рафтӣ аз дунё, валекин
Тамомӣ дар дилу дар ёди моён.
* * *
Ёди ту ҳамеша дар дили мо бошад,
Меҳри ту чароғи манзили мо бошад.
Қурбони туву номи ту бод, эй модар,
Аз зиндагӣ ҳар чӣ ҳосили мо бошад.
* * *
Ҷавон рафтӣ, дили ғамнок бурдӣ,
Ҳама уммедҳо бар хок бурдӣ.
Гули рӯи арӯсеро надидӣ,
Гули боғи муроди дил начидӣ.
* * *
Хушном ба ёди ҳамдиёрон монӣ,
Сарсабз чу боғу токзорон монӣ.
Раҳми ту накард гарчи султони аҷал,
Султони муроди ҷумла ёрон монӣ.
* * *
Дуое, ки мазори некном аст,
Мазори он Низоми ташнаком аст.
Ба каф ҷоме тавофи ӯ биёед,
Ки ӯ дар гӯр ҳам дар даст ҷом аст.
* * *
Ту рафтӣ, хонамон бефайзу нур аст,
Чӣ бехуршеду маҳтобем, модар.
Барояд рӯзу шаб хуршеду маҳтоб
Туро аммо куҷо ёбем, модар?
* * *
Ҳарчанд зи мо, эй падари мо, рафтӣ,
На аз дилу на аз назари мо рафтӣ.
Ҳар гоҳ ба номи ту сарафрозӣ кунем,
Ёдат бикунем, к-аз сари мо рафтӣ.
* * *
Ёдгори ту санги сарде нест,
Аз туям ман ба ёдгор, падар.
Ҳар чӣ дорам, ҳама зи ту дорам,
Эй падар, эй бузургвор падар!
* * *
Қиблагоҳо, чу рафтӣ аз бари мо,
Қиблаи мо нишони турбати туст.
Мо равонем агар ба роҳи рост,
Роҳи ту, рӯҳи ту, ризояти туст!
* * *
Ҷавон рафтӣ, ба мақсад норасида,
Зи боғи зиндагӣ як гул начида.
Ту ғарқи об гардидию моро
Бикардӣ об андар оби дида.
* * *
Зи сад гул як гулат нашкуфта, рӯзе
Аз ин дунё дили ғамнок бурдӣ.
Ҷавонӣ зеби дунё дорад, афсӯс,
Ҷавониро ту зери хок бурдӣ.
* * *
Модар, бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ,
Ҷонам фидои рӯи ту, манзил муборакат.
Модар, бихоб, каъбаи ман хоки кӯи туст,
Қурбони хоки кӯи ту, манзил муборакат.
* * *
Рафтию талоши рӯҳу ҷонат боқист,
Ёди ту чу нури хонадонат боқист.
То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем,
Маҳбуб падар, ному нишонат боқист.
* * *
Бе рӯи ту моҳу офтобам гум шуд,
Орому қарору хурду хобам гум шуд.
Эй модари сарпарасту сар то по дил,
Баъди сари ту сари ҳисобам гум шуд.
* * *
Қурбони ту, эй модари қурбонгашта,
Ободии ин ҷаҳони вайронгашта,
Пайдои ту моем дар ин дунё, лек
Ту дар дили хок рафта, пинҳон гашта.
* * *
Хокистари сарди ту сад барқу шарор арзад,
Як барги хазони ту сад боғу баҳор арзад.
Аз дидаи мо рафтӣ, дар хоки сияҳ хуфтӣ,
Он қуббаи хоки ту сад бурҷу манор арзад.
* * *
Сад ҳайф, ба сарвақти ягон дил нарасидем,
Дар роҳ фитодему ба манзил нарасидем.
* * *
Рафтию ҷони ту як дард насанҷида ҳанӯз,
Хотират аз алами ишқ наранҷида ҳанӯз.
* * *
Бигзашт номурод ишқу муроди ман,
Аммо намеравӣ ҳаргиз зи ёди ман.
* * *
Агар мо зинда то фардо бимонем,
Нишони ту дар ин дунё бимонем.
* * *
Ҳаҷ рафтиву аз ҳама гунаҳ пок шудӣ,
Имрӯз, дареғ, ҳоҷии хок шудӣ.
* * *
Дасти ту гар зери санг овард аҷал,
Монд аз дасти ту осори амал.
* * *
Равшандиле аз табори оташ будӣ,
Якумр қаламкашу аламкаш будӣ.
* * *
Азизон, сер рӯи ҳам бубинед,
Шумо ҳоло, ки дар рӯи заминед.
Дида шуд: 266