Барои санги мазорам

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Барои санги мазорам чӣ гӯям, эй ёрон,

Ки худ зи санги Мазорам, ҳамин ишора бас аст.

Барои ман, ки канори ҷаҳон муҳаббат буд,

Пас аз канори муҳаббат ҳамин канора бас аст.

 

* * *

Ханда бар лаб, ҷом дар каф рафтам

          аз дори ҷаҳон,

То каме осон кунам бо марги худ кори ҷаҳон.

 

* * *

На чун хасе, на чун пари парвона сӯхтам,

Гар сӯхтам, ба ҳукми дил мардона сӯхтам.

 

* * *

Гар баъди ман ба ҷои ман шоир намерасад,

Санги дигар ниҳед ба рӯи мазори ман.

 

* * *

Ҳар гаҳ фано гардам ман аз тӯфони

          беамсоли дил,

Бинҳед рӯи гӯри ман як лавҳае тимсоли дил.

 

* * *

Ба сабзаҳои гӯри ман касе, ки об медиҳад,

Ба косаҳои чашми ман шароби ноб медиҳад.

 

* * *

Мурдани Лоиқ чунон осон набуд,

Лек маргаш инчунин осон рабуд.

 

* * *

Дар рӯи замин намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман!

Дида шуд: 312