Дар деворҳои гӯристон

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Қабри инсон чист? Қабри ҷустуҷӯст.

Қабри инсон нест, қабри орзуст.

 

* * *

Мурдаи дарёдилон шодоб созад хокро,

Мурдаи модар чу фарзандаш навозад хокро.

 

* * *

Мурда гар боқадр, гӯристон гулистон мешавад,

Мурда гар беқадр, Азроил пушаймон мешавад.

 

* * *

Фарёд кунам, посухи фарёдрасам нест,

Фарёд, ки дар ҳар ду ҷаҳон ҳамнафасам нест.

 

* * *

Аз хушии мо ҳасудон нохушанд,

Мо намемирем, моро мекушанд.

 

* * *

Ҷоме ба ҷои мақбара

Дар гӯри ман авло бувад.

Гар пур нашуд аз май, чӣ бок,

Аз оби найсон пур шавад.

 

* * *

Мурдаи гумном гумномии аҷдодон бувад,

Мурдаи боном ободии гӯристон бувад.

Зиндааш гар сохт шаҳру деҳ барои дигарон,

Мурдааш обод созад гӯрҳои дигарон.

 

* * *

Дунёву ниёзу тамааш мегузарад,

Хоҳӣ ҳамарову ҳамааш мегузарад.

Дида шуд: 215