Он қаҳрамони кору дигар сафири давлат,
В-он шоири ҷаҳонӣ дастонсарои миллат.
Ин баргузидаи халқ, он нозиши замона,
В-он зуфунуни якто, арбоби илму санъат.
Он як мунодии сулҳ, дигар мунодии бахт,
В-он қаҳрамони даврон – марди ҳалолкора.
Аз ордену медал сарсинаҳо ту гӯӣ
Як пора осмони беабри пурситора.
Рафтанд дур аз ту дар олами маонӣ,
Имрӯз ҳар кадоме донотаранд аз ту.
Дар ҷодаи тафаккур, дар пояи бузургӣ
Дар қадру манзалат ҳам волотаранд аз ту.
Ҳар гоҳашон бубинӣ, ёд оварӣ чӣ гуна
Меомаданд мактаб дар ҷузвдон «Алифбо».
Кони савол ҳар як жӯлидаеву ҳайрон
Олударанг дасту нӯки забону лабҳо.
Меомаданд мактаб бо шавқу орзуҳо
То аз ту ёд гиранд ҳарфи нахусти дониш.
Беназму бесалиқа, беақлу шӯху бесар
Буданд, то намудӣ роҳи дурусти дониш.
Омӯхтӣ ба онон соҳибдиливу мардӣ,
Аз шакли курратуларз – расми ҷаҳоншиносӣ.
Аз ҳарфҳои сода – шаҳди забони модар,
Аз байтҳои шоир – ойини дилгудозӣ.
Кони тило кушодӣ дар синаҳои бедоғ,
Дунёи нав намудӣ дар чашмҳои онон.
Колумб гар кушода Амрикро нахустин,
Дар пеши заҳмати ту корест саҳлу осон.
Ҷустӣ ситораи нав дар чашмҳои тифлон,
Кишваркушоӣ кардӣ дар шавқу орзушон.
Дарёфтӣ зи дилшон сайёраҳои дигар,
Пурмоя шоиреро аз сабки гуфтугӯшон.
То хостӣ ба онон роҳи сафед дар умр,
Мӯят сафед гардид аз ранҷи бешумора.
То аз канори мактаб гиранд роҳи некӣ
Дар арсаи талоши дунёи беканора.
Имрӯз гар мунаҷҷим ёбад ситораи нав,
Афрӯхтӣ ту онро дар дарс дар дили ӯ.
Шогирди ту чу бошад марди ватанпарасте,
Омӯхтӣ ту ин меҳр аз меҳри манзили ӯ.
Маъданшинос агар ёфт имрӯз кони тилло,
Онро кушода будӣ дар синааш ту аввал.
Кайҳоннавард роҳе гар дар фалак кушодаст,
Тарҳаш кашида будӣ дар синааш ту аввал.
Бо он фурӯтаниву бо он шикастанафсӣ
Фарди бузургвори даврони мо ту ҳастӣ,
Кашшофи ақлу фитрат, ёбандаи маҳорат,
Андар ҷаҳони дилҳо кишваркушо ту ҳастӣ.
1972
* * *
Гарчи ҳамсояему ҳамдаврон,
Ҳар кадоме ситораи дурем.
Як сареву ҳазор савдое,
Худсару худписанду мағрурем.
Зиндагӣ бас фиребамон бидҳад,
То варо боз дӯсттар дорем.
То варо мо дуруст бишносем,
То аз ӯ ҳеҷ дил набардорем.
Мо ҳама фард, мо ҳама мутлақ,
Чун вуҷуди азизи нотакрор.
Бо ҳазорон рафиқ танҳоем,
Бо ҳазорон ҳабиб беғамхор.
Ганҷҳои тилои номакшуф
Дар раги хуни худ ниҳон дорем.
Сари мо посбони сирри мост,
Дар дили хеш сад ҷаҳон дорем.
Ҳар гаҳ аз даҳр рахт барбандем,
Ҳамраҳи мо ҷаҳони мо мирад,
Аввалин бӯса, охирин оғӯш,
Ғазалу достони мо мирад.
Чашми ахтаршинос чун Гермес
Ёбаду боз гум кунад моро.
Баъди он ҳеҷ гаҳ нахоҳад ёфт
Солиён ҷуста осмонҳоро.
Ҳамраҳи мо чу ахтари пинҳон
Шеърҳои нагуфта хоҳад мурд.
Кушта моро чу фарди нотакрор
Зиндагӣ ҳам фиреб хоҳад хурд...
1972
* * *
Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Ҳамеша дилкушодиву ҳамеша рӯи хандон буд.
Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Зи ҷӯши хандаю шодӣ на бадгӯӣ, на буҳтон буд.
Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Дуруд овардаму пайғом.
Тиҳидаст омадам, аммо
Суруд овардаму илҳом.
Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Ҷавонӣ армуғон бурдам.
Ҳазорон ҷом холӣ кардаву базми ҳарифонро
Зи шеъру ханда пур кардам.
Ба ҳар ҷое қадам мондам, қадамҳоям муборак буд,
Ба ҳар кӯе, ки рӯ овардаам, рӯи хушам доданд.
Лабам пурханда диданду ба роҳам ханда густурданд,
Нигоҳам оташин диданд, ҷоми оташам доданд.
Ба ҳар ҷое, ки рафтам, ҳар шиносу ношиносе буд,
Ба пешаш печухамҳои дили худро кушодам ман.
Сириштамро зи рӯи содагию эътиқоду меҳр
Ба рӯи дасти ӯ ҳамчун хати хоно ниҳодам ман,
Ки гӯё он шиносу ношиносонро
Ман аз рӯзи таваллуд мешиносам,
Ки гӯӣ олами дилҳои ононро
Ман аз рӯи дили худ мешиносам.
Ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Ҳамчу ёри ҳамнафас рафтам,
Ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Дӯст рафтам, беғараз рафтам...
1972
* * *
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд
Хабари лаҳзаи дидору ҷудоӣ бар лаб,
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.
Ба назар
Мо ҳама бояст, ки ҳар рӯз зи умр
Сабақе бардорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Асаре бигзорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Боз ҳам бихраду солор шавем.
Бояд аз рӯзи наве
Боз гирем ба дил сози наву сӯзи наве,
На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем.
Лек тадбир куҷост?
Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт,
Рӯзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад.
Чун батаҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ,
Ростӣ, ин ҳама аз кӯтаҳии ақли расо мегузарад.
Аҷабо,
Вақтро мегузаронем, ки барҷо бошем,
Вақтро мегузаронем, ки аз вақт бурун
Бехалал аз ҳама савдо бошем.
То надонем, ки бо вақт ба ҳам мегузарем.
Аҷаб аст, ки аҷаб аст!
Бо ҳама донодилию доноӣ
Гоҳ мо рӯзро кӯр кунем,
То надонем, ки ин оқибати кӯрдилист,
Худфиребист ва ё ҳеҷ кам аз худкушӣ нест!
Хоҳам имрӯз ба парвозгаҳи вақту фазо
Муддате бол кушоем, ки парвоз кунем.
Ҳар дари боз бубинем, ба кас бинмоем,
Ҳар дари баста бубинем, ба кас боз кунем.
Хоҳам, имрӯз, ки бояд донист,
Вақти бекорӣ чӣ мебояд кард?
Вақти бекорӣ бипурсем зи худ, то чӣ касем.
Гар расидем ба хуршеду ба маҳтоб, чӣ хуш,
Вақти он аст, ки бо худ бирасем!
Вақти он аст, ки эй аҳли назар,
Вақти худро биситонем аз вақт.
Вақти он аст, ки эй аҳли ҳунар,
Қадри худро гузаронем аз вақт...
... Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Гар натонем, ҳақи хеш ситонем аз вақт,
Рӯзҳо ҳар яке чун қотили мо мегузаранд.
5.9.1972
Дида шуд: 367