Ҳамчунон к-аз каронаи шаҳре
Раҳгузар бошию гузар созӣ,
Бетаваққуф зи шишаи мошин
Сӯи ҳар манзараш назар созӣ,
Ё чунон ки ба манзили дуре
Сафарӣ бошию шитоб кунӣ,
Бигзарӣ аз миёни шаҳри азим,
Ҳаваси соғаре шароб кунӣ,
Лек н-оӣ фуруд аз мошин,
Аз ягон аҳли он нишон набарӣ,
Дар тарабхонае даме беғам
Бо ягон ринди он ту май нахурӣ –
Ҳамчунон ту зи рӯзгори ман
Рафтӣ беёдгору беистод.
Нанишастӣ ба базми синаи ман,
Назадӣ бо дилам даме фарёд.
Назадӣ мушт бар дари розам,
Нашудӣ меҳмони хонаи дил.
Гарчи асри фасона бигзаштаст,
Ҳар киро ҳаст як фасонаи дил...
Он қадар буд орзуи ман,
Ки ту андар дилам қарор кунӣ.
Бо ту бофам фасонаи тоза,
Қисматамро пур аз баҳор кунӣ.
Лек, афсӯс, аз каронаи дил
Бо шитобу итоб бигзаштӣ.
Гӯӣ аз байни шаҳр шабҳангом
Чашмҳо гарми хоб бигзаштӣ.
Роҳи ту дур то макони бахт,
Роҳи ту аз дили дигар гузарад.
Гарчи нагзаштӣ аз раҳи дили ман,
Сафарат кош бехатар гузарад...
1973
* * *
Аз хато, аз ғурур, аз таъхир,
Аз ҷафо, аз ғиром, аз тақсир,
Аз дурӯғу фиреби домангир
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Аз гумону маломату буҳтон,
Ки занад ҳар нафас ба дил сӯҳон;
Аз дағалбозиҳои дилкӯрон,
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Фасли рушду камол мегузарад,
Ҳамчу хобу хаёл мегузарад,
Қадри ҳусну ҷамол мегузарад,
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Чун гули тирамаҳ хазондида,
Ҳамчу рӯди ба роҳ хушкида,
Чун тани аз азоб коҳида
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Чун матое, ки борхурда шавад,
Чун замине, ки низ мурда шавад,
Чун асо, ки ба раҳ фасурда шавад,
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Хоҳу нохоҳ бе иродаи мо
Ҳар нафас бо азоби ҷонфарсо
Ҳамчу мо дар кашокаши дунё
Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс,
Ошиқӣ дер мешавад, афсӯс.
Гарчи аз ӯ фасонаи дилҳост,
Гарчи аз ӯ ҷаҳони бопаҳност,
Гарчи аз ӯ ҷавонии дунёст,
Безамон пир мешавад, афсӯс,
Ноаён пир мешавад, афсӯс...
1973
Дида шуд: 212