Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан – беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан – хушномию фирӯзии мост.
Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
1972
* * *
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Шабе бепечутоб ором хуфтаст?
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст?
Даруни дарс аз устод пинҳон
Ба номи духтаре хат менавиштам.
Таровишҳои эҳсоси диламро
Барои ёри хушқад менавиштам.
Ба ӯ ман нома медодам ниҳонӣ
Даруни баргҳои гул ниҳода:
«Туро ман дӯст медорам чу Маҷнун,
Чу ҳуснат бод ишқи ман зиёда...»
Зи пушти курсӣ аз устод пинҳон
Қатори кокулашро мешумурдам,
Ва бо занҷираи мӯи маҳинаш
Диламро баста бар ӯ месупурдам.
Нигоҳи шӯхам аз курсии охир
Сила мекард мӯи анбарашро
Ба мисли сабзаҳои баъди борон
Маҳин бофида гесӯи тарашро.
Дили ман коғази нанвиштае буд,
Дар ӯ номи варо бинвишта будам.
Ҷавони навраси нокордида
Ба ӯ аз содагӣ дил баста будам.
Вале, ҳайфо, садои занги охир
Садои интиҳои ишқи мо буд.
Ту гӯӣ аз ҷавонии гузашта
Зи дашти дур чун бонги даро буд.
Ҳама дар роҳҳои зиндагонӣ
Ба ҷустуҷӯи бахти хеш рафтем,
Ба сар андешаи фардои дунё,
Ба дил бори ғаму ташвиш рафтем.
Ҳавасҳо чун сабақҳо рафт аз ёд,
Ҷавонӣ ҳамчу тири бархато рафт.
Ризо будем мо аз орзуҳо,
Ҷавонӣ лек аз мо норизо рафт.
Вале бо сӯхтанҳои ниҳонӣ
Шароре аз нигини ӯ гирифтам.
Нахустин сатрҳои шеъри худро
Ман аз мӯи маҳини ӯ гирифтам...
1972
* * *
Ало, эй дилбари дар бехудӣ гумкардаам, боз о!
Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о!
Мисоли сурати бахти ман аз пеши дарам бигзар,
Чу рӯъёеву хобеву хаёле аз сарам бигзар.
Даме дар чашми ман бингар, ки дар он ҷои ту холист,
Нигоҳаш кунду бешавқе чу мурғи бепару болест.
Туро чашми ман аз дунёи равшан он қадар меҷуст,
Ки гар меёфт, гум мекарду сад бори дигар меҷуст.
Туро дар мастиҳои бетараб гум карда будам ман,
Туро бемуддаою бесабаб гум карда будам ман,
Чи осон менамуд он вақт ишқу дил рабуданҳо,
Барои ҳар кӣ пеш ояд, дари дилро кушуданҳо...
Чи осон менамуд он вақт дилбозӣ барои ман,
Чи осон менамуд, оваҳ, дурӯғи ошиқӣ гуфтан...
Ман акнун з-он ҳама ҳарфе, ки гуфтам, шарм медорам,
Аз он шабҳо, ки бе ёди ту хуфтам, шарм медорам.
Туро имрӯз агар медидам, эй маҳбуби беҳамто,
Ба чашми дигаре медидаму як бор дар дунё
Ба номи ту ҷаҳони ошиқиро ном мемондам,
Ҳазор оғози ишқи дигар аз анҷом мемондам.
Зи қайди бехудию бесарию мастӣ мерастам,
Чу дилнома ба ҳар як тори мӯят шеър мебастам...
Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о!
Ало, эй дилбари дар бехудӣ гумкардаам, боз о!
1972
Дида шуд: 318