Ана симои Афлотун, ки ӯ пири ҳакимон аст

Муаллиф: Мӯъмин Қаноат

Ана симои Афлотун, ки ӯ пири ҳакимон аст, 
Ҳакими ҳақгузору ҳақшиноси мулки Юнон аст. 
Ана он пайкаре, ки аждаҳо печида ҷисмашро, 
Чӣ сон гӯям ба ту ман корзорашро, тилисмашро. 
Ҳамон Геракл бошад, раҳкушои ростон бошад, 
Ки аз гаҳворагӣ ӯ паҳлавони достон бошад. 
Ки ӯ бо аждаҳо ҷангид, то имрӯз меҷангад, 
Муроди разми ӯ некӣ бувад, пирӯз меҷангад. 
- Агар ӯ кушт аждарро, чаро ин тухми аждар монд? 
Чаро дар зиндагию дар ривоят деви сесар монд? 
- Чаро ки аждаҳо дар тиннати ҳар шахс пинҳон аст, 
Ҳамоно аждаҳо нафс асту дар фармони инсон аст, 
Даме одам ғуломи нафс гардад, аждаҳо гардад, 
Бигардад аз ҳақу ҷӯёи ганҷи бебақо гардад. 
Ба ҷои роҳ паймудан хазиданро биомӯзад, 
Ба ҷои лабгазиданҳо газиданро биомӯзад… 
Ана саҳрои сангистон, ки борид бар сари шайтон, 
Ки аз кибраш накард ӯ саҷда пеши ҳазрати Инсон. 
Ҳама ин санги лаънат гӯиё аз хашми яздон аст, 
Вале он хасми яздон то кунун дар шакли инсон аст. 

Аз достони "Ситораи Исмат"

Дида шуд: 226