Ману ту бо кӣ меҷангем, магар бо миллати Олмон?
Магар бо вориси Шиллеру Ҳайне – марди пурармон?
На асло, ҷанги мо бо майлу бо хайли фашистон аст,
Чу ҷанги равшанӣ бо зулму зулмоти шабистон аст.
Агар Гитлеру Иблис зодаи ду давру давронанд,
Вале фарзанди як хилқат, зи як домону пистонанд.
Китоби ростинро каҷназарҳо чаппа мехонанд,
Фалакро чун палак фаҳмида чанде давр меронанд.
Ба давре чаппагардон сохта таърихи инсонро,
Баробар мекунанд бо фарри инсон шохи ҳайвонро…
Ва Зӯҳро – пайкару олиҳаи урёни зебоӣ,
Нишаста дар сари чашма ба танҳоию яктоӣ.
Ҳаметарсад, ки чашми ғайр бинад ҷисми урёнаш,
Ва дасте рӯи сина, дасти дигар рӯи ду ронаш.
Бакорат аз вуҷудаш метаровад, об мегардад,
Вуҷудаш ғарқи ширполоии маҳтоб мегардад.
Зи ширмаҳтобу аз шири вуҷуди ӯ,
Ба сони шир ширин менамояд тору пуди ӯ.
Ду чашми Исмати моро рабуд ин пайкари покӣ,
Ба чашми ӯ намуд онқадр оддӣ, онқадар хокӣ.
Баногаҳ дид ҷои ӯ Нигорашро,
Ки урён асту гирён аст…
Зи ҳиҷрон ё ки аз сӯзи ниҳонӣ синабирён аст?
Сари Исмат сари зонуи исмат буду хобаш бурд,
Миёни хоб обаш бурд.
Аз достони "Ситораи Исмат"
Дида шуд: 265