Ба амри дил муҳандис мешавам охир,
Ва охир ин ватанро мекунам таъмир.
Ба кохе мегузорам пояю бунёд,
Ки бошад манзари як миллати озод.
Ва аз санги Сулаймон бурҷу девораш,
Ва аз Аржанги Монӣ боғу гулзораш.
Чу Маздак пайкаре аз халқсолорӣ,
Ки бошад аз ҳама айбу гунаҳ орӣ.
Чу Мавлонои Балхӣ марди раббонӣ,
Нахустин ошиқи хокии кайҳонӣ.
Ба шакли дил бисозам гунбади онро,
Ки бошад мавҷгири меҳр кайҳонро.
Чу ин миллат диле дар Осиё будаст,
Чу ин миллат саре дар Ориё будаст.
Аз достони "Масъуднома"
Дида шуд: 261