Падар

Муаллиф:

Дуои ту сари сабзам Падарчон
Нерую қувати набзам Падарчон...
Нихоли шеъри ман дар мазрахи дил,
Бисабзад бо дуои ту Падарчон.
Азизу мехрубон хасти Падарчон
Дарахти хонадон хасти Падарчон.
Зи баски меъваи боғи ту моем,
Аз ин ру човидон хасти Падарчон.
Надорам тоқати хачри Падар ман,
Ба ёд орам шавам аз худ бадар ман.
Бахор омад аммо Падар наёмад,
Харида бахри ман савғо наёмад.
Зи асрори ғазал омад садое,
Дубора зиндаги бар мо наёмад.
Бахор омад падарчoнам наёмад,
Тавону қуввати чонам наёмад.
Чу сабза медамад шавқаш вазида,
Касе мислаш ба дармонам наёмад.
Ба дидори ту пазмонам Падарчон,
Зимистон ошёнам Падарчон.
Кунун бе ту фазои хона торик,
Чароғу чашму имонам Падарчон.
Таманноям пас аз маргам Падарчон,
Бихонад хар, ки онро оят ояд.
Тасанно, эй Падарчони азизам,
Хаме доди замоне ту хадисам.
Падар нома зи бахри ту навиштам,
Сухан омад зи бахри ту киштам.
Азизу мехрубон хасти Падар ту,
Нишони рафтагон хасти Падар ту.
Шукуху шухрати хар фарди хона,
Қаноти хонадон хасти Падар ту.
Ба дидорат Падар зорам наои,
Туро доим ба ёд орам наои.
Ба фарзандон сари боло Падар ту,
Ба хар хона дари тилло Падар ту.
Хама ниъмат ба хони мо физояд,
Агар рози шави аз мо Падар ту.
Падар нуру зиёи хонаи ман,
Азизу авлиои хонаи ман.

Дида шуд: 16

2020 SHOIR.TJ