Дилатро хонаи ман кун

Муаллиф: Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Дилатро хонаи Ман кун, мусаффо карданаш бо Ман,
Ба Ман дарди дил ифшо кун, мудавво карданаш бо Ман.
Бияфшон қатраи ашке, ки Ман ҳастам харидораш,
Биёвар заррае ихлос, ки дарё карданаш бо ман.
Агар гум кардаӣ ҷоно, калиди хонаи Моро,
Биё, як лаҳза бо Мо бош, ки пайдо карданаш бо Ман.
Биё, қабл аз нузули марг рушан кун ҳисобатро,
Талаб кун ҳар чӣ мехоҳӣ, иҷобат карданаш бо Ман.
Агар умре гунаҳ кардӣ, машав аз раҳматам навмед,
Ту тавбаномаро бинвис, ки имзо карданаш бо Ман.

Дида шуд: 88

2020 SHOIR.TJ