Шаҳр холӣ, ҷода холӣ

Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ

Шаҳр холӣ, ҷода холӣ

Кӯча холӣ,  хона холӣ

Ҷом холӣ, суфра холи

Соғару паймона холӣ

Кӯч карда даста-даст 

Ошноён, андалебон

Боғ  холӣ,  боғча холи

Шоха  холӣ,  лона холи

 

Вой, аз дунё, ки ёр аз ёр метарсад

Ғунчаҳои ташна аз гулзор метарсад

Ошиқ аз овозаи дидор метарсад

Панҷаи хунёгарон аз тор метарсад

Шаҳсавор аз ҷодаи ҳамвор метарсад

Ин табиб аз дидани бемор метарсад

Дида шуд: 20

2020 SHOIR.TJ