ШАҲРИ ОФТОБӢ

Муаллиф: Нурмуҳаммад Ниёзӣ

Эй шаҳри Офтобӣ,
Шаҳри канори обӣ.
Шаҳри ситораборон,
Шаҳри пур аз китобӣ.
Эй шаҳри хона-хона
Пур аз гулу тарона.
Эй шаҳри қалъаи сулҳ,
Аз тоҷикон ягона.
Ҳам соҳиби ҷамолӣ,
Ҳам соҳиби камолӣ.
Кӯйи Биҳишт ҳастӣ,
Фирӯзу безаволӣ.
Эй пурзиё Хуҷандам,
Эй жони арҷмандам.
Чун Сир зи ту бузургам,
Чун Мевағул баландам.
Эй шаҳри ҷовидонӣ,
Дар пирият ҷавонӣ.
Бо дӯстони ҷонӣ
Хушбахту хуш бимонӣ.

Дида шуд: 14

2020 SHOIR.TJ