Арзи ҳочат мекунад дил хусрави нози туро,
Нест қонуни муҳаббат пардаи сози туро!
Чун кабӯтар бисмили шавқи тапидан мешавад,
Аз қазо ҳар кас, ки бинад чашми шаҳбози туро.
Рамзи чашмат ин бувад, набвад намудан баъд аз ин,
Маҳрами асрори худ он чашми ғаммози туро!
Дар фани эҳё зи шарми аҷз наншинад дигар,
Гар Массеҳо бишнавад ойини эъҷози туро!
Афканад қумрӣ ба гардан тавқи доғи бандагӣ,
Дар чаман бошад агар он сарви мумтози туро!
Беадаб, тарсам, ки бинад, бигзарад аз чобӯкӣ,
Тавсаии умрам агар хинги сабуктози туро!
Дурри маънӣ кардаӣ, Туғрал, ниҳон ҳамчун садаф,
Фош созад мавҷи ин дарё магар рози туро?!
Дида шуд: 354