Саду як ғазали Нақибхон Туғрал 5

Муаллиф: Нақибхон Туғрал

Баски чун анқо зи хотирҳо фаромӯшем мо,

Гар ҷаҳон аз мо напушад чашм, мепӯшем мо!

Ҷӯши шаккар дар най охир мекунад манъи садо,

Аз камоли шаҳди мазмун гарчи хомӯшем мо!

Аз Замин то Осмон гар муштарӣ ҷӯшад, валек

Ҷуз қумоши маънии борик нафрӯшем мо!

Бандаи ишқем мо, озод аз озодием,

Ҳамчу зулфи ёр доим ҳалқабаргӯшем мо!

Сози ишрат аз хамӯшиҳои мо бепарда аст,

Як ҷаҳон шӯри тараб пайдост, гар ҷӯшем мо?!

Он қадар мастем аз паймонаи ҷоми азал,

Рӯз то шаб бе сабӯе бода менӯшем мо!

Шӯри тӯфони сиришки мо агар бошад ҳамин,

Оқибат ҳамчун ҳубоби хонабардӯшем мо!

Шоҳиди ин базми имкон дорад авҳоми адам,

Дар хаёлободи ҳастӣ маҳви оғушем мо!

Дар гудози қалби худ з-оташ куҷо миннат кашем,

Баски чун минои май бешӯъла дар чӯшем мо?!

Ҳаббазо з-ин мисраъи Бедил, ки, Туғрал гуфтааст:

«Ҷавҳарем, об аз дами шамшер менӯшем мо!»

Дида шуд: 506