Саду як ғазали Нақибхон Туғрал 7

Муаллиф: Нақибхон Туғрал

Нузҳати кӯят барад равнақи гулзорро,

Шӯҳраи ҳуснат дарад пардаи асрорро.

Захми фироқи туро ҳеҷ, ба ғайр аз аҷал,

Чора набошад дигар бандаи ночорро!

Бинад агар барҳаман турраи шабранги ту,

Аз хами зулфат кунад ҳалқаи зуннорро!

Нағмаи шавқат канад нардаи мизроби ғам,

Аз баму зери ҷунун зеру бами торро!

Маснади кӯйи турост рутбаи авранги Ҷам,

Кард қазо қисматам сояи деворро!

Мурданам аз рашк беҳ, боди сабо гар кунад

Маҳрами хоки дарат дидаи ағёрро!

Бод туро офарин, Туғрали рангинсухан,

Булбули гӯё туй гулшани ашъорро!
 

Дида шуд: 332