Маннам ба кунҷи хароботи ишқ шефтаҳоле,
Шароб ҷуръаи дурде, қадаҳ шикастасафоле.
На бар сарам зи каримони даҳр миннати лутфе,
На бар дилам зи лаимани шаҳр гарди малоле.
Ба фарқи ман наниҳода қазо амомаи ҷоҳе,
Ба номи ман нанавишта қадар вазифаи моле.
Ба некувон зи ҷаҳон кардаам қаноату з-эшон
Зи ҳозирон ба гуноҳе, зи ғоибон ба хаёле.
Агарчи моҳи фалак гоҳ бадру гоҳ ҳилол аст,
Ба рух ҳамеша чу бадрӣ, ба абрувон чу ҳилоле.
Лабат алайк нагуфта, чу гуфтаем саломе
Ҷавоб низ надода, чу кардем саволе.
Забон бубаст зи гуфтор пеши лаъли ту Ҷомӣ,
Ки нест беҳ зи хамӯши дар ин мақом мақоле.
Дида шуд: 326