Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 99

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Нигоро, бар гирифторон бубахшой,

Худоро, бар гирифторон бубахшой.

Киро, ёро, кӣ гӯяд бо ту ёро,

Ки ёро, бар гирифторон бубахшо.

Ба роҳат пайсипар гашта чу мӯрам,

Соворо, бар гирифторон бубахшой.

Рухи худро ба хатту хол аз ин беш

Маёро, бар гирифторон бубахшой.

Паи оғӯши ёрон чун кушоӣ,

Қаборо, бар гирифторон бубахшой.

Чу гардад бар ҳарифон ҷоми васлат

Гуворо, бар гирифтонрон бубахшой.

Гирифтори хазон шуд бе ту, Ҷомӣ

Баҳоро, бар гирифторон бубахшой.

Дида шуд: 289