Доғи ҷафо, ки бар касон з-оташи кини худ ниҳӣ,
Кош ба ҷони ошиқи бедилу дини худ ниҳӣ.
Бод замин ба роҳи ту тораки бандагон, ки то,
Ҳар тарафат фитад гузар по ба замини худ ниҳӣ.
Эй бути омада зи Чин, лофзанон ба рӯи ӯ
Зуд равад, к-аз ин хато рӯй ба Чини худ ниҳӣ.
Бар сари ҳар раҳ нишастаам, ту ки чу маст бигзарӣ
Пой ба саҳв бар сари роҳнишини худ ниҳӣ.
Тоҷваро, куҷо расад комат аз он нигини лаб,
Гарна ба каффаи баҳо тоҷу нигини худ ниҳӣ.
Рашҳи май аз лабаш, дило, шаҳди шаҳодати ту бас
Беҳ, ки аз он захирае рӯзи пасини худ ниҳӣ.
Қадршиноси гавҳарат нест замона Ҷомиё,
Дар кафи сифла то ба кай дурри самини худ ниҳӣ.
Дида шуд: 248