Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 96

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Шунидаам, ки зи ман ёд мекунӣ гоҳе,

Хуш он гадо, ки гаҳе ёди ӯ кунад шоҳе.

Ба завқи чошнии ин латифа пай набарад,

Ҷуз аз ҳақиқати асори ишқ огоҳе.

Ба ҷаҳди худ басе эҳроми он ҳарам бастам,

Вале чӣ суд, ки нанмуд давлатам роҳе.

Надорад аз ту насибе ҷуз ин ки ҳар соат,

Кушоям аз мижа ашке, кашам зи дил оҳе.

На сарвро ба ту нисбат кунам, на гулбунро,

Куҷо расад ба қадат ҳар дарозу кӯтоҳе.

Ба он зақан, ба  дил он кас, ки ҷо ҳамекунадат,

Ҳамекунад зи барои ҳалоки худ чоҳе.

Зи некӯвон дили Ҷомӣ ҳамин туро хоҳад,

Набинамат чу вай аз ошиқон накӯхоҳе.

Дида шуд: 222