Зулфат, ки рафт равнақи мушки сиёҳ аз ӯ,
Мушкин шавад нафас чу барорем оҳ аз ӯ.
Дорад дил аз инояти ту чашми як нигоҳ,
Чандин мадор чашми иноят нигоҳ аз ӯ.
Ин меҳр нест моҳи рухат кард ҷилвае
Аксе гирифт оинаи субҳгоҳ аз ӯ.
Зиндони аҳли дил бувад ин кохии зарнигор,
Хуш вақти орифе, ки ба дар бурд роҳ аз ӯ.
З-ин сон, ки зулфи ту сари чоҳи зақан нуҳуфт,
Бас марди раҳнавард, ки афтад ба чоҳ аз ӯ.
Чун абри навбаҳор ба хокам чу бигзарӣ
Хезад фиғону оҳ ба ҷои гиёҳ аз ӯ.
Ҷомӣ, агар зи лутфи ту узри гуноҳ хост,
Лутфе намову даргузарон ин гуноҳ аз ӯ.
Дида шуд: 226