Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.
207 Муфассал
Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман,Халқи ман, эй асли нангу номи ман.
Ман на онам, ки бувад ҳамқадаҳи бехабарон,Ман на онам, ки бувад ҳамраҳи бепову сарон.
Ҳамраҳи айём будам, аз раҳи айём рафтам,Дар талоши ном будам, оқибат гумном рафтам.
Ишқи ту дар синаи ман ҳадяи тақдир буд,Як ҷаҳон шӯри ҷавонӣ дар ҷаҳони пир буд.
Умри шоир гарчи кӯтаҳ, умри шеъри ӯ дароз аст,Ҷони шоир дар ниёзу рӯҳи шоир бениёз аст.
Эй басо дидам касон шоиртарошӣ кардаанд,Шеърро нашнохта, баҳсу талоше кардаанд.
Xуш бош, ки ғусса бакарон хоҳад буд, Дар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту, Хоки дигарон шавад мағоки ману ту.
Дар роҳҳои зиндагӣ оҳиста рав, пайваста рав,Бишкан ҳазорон садди роҳ, аммо диле нашкаста рав.