Насиҳати Нӯшервони одил ба писараш

Муаллиф: Саъдии Шерозӣ

Ки хотирнигаҳдори дарвеш бош,

На дар банди осоиши хеш бош.

Раийят чу беханду султон дарахт,

Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.

Макун то тавонӣ дили халқ реш,

Ва гар мекунӣ, меканӣ бехи хеш. 

 

Хусрави Парвез низ ба Шерӯя чунин насиҳат кардааст:

Бар он бош то ҳар чи нийят кунӣ,

Назар дар салоҳи раийят кунӣ,

Ало, то напечӣ cар аз адлу рой,

Ки мардум зи дастат напечанд пой. 

Дида шуд: 270