Писар чун зи даҳ баргузашташ синин,
Зи номаҳрамон гӯ, фаротар нишин.
Бари пунба оташ нашояд фурӯхт,
Ки то чашм бар он занӣ, хона сӯхт.
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар ақлу табъаш набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Басо рӯзгоро, ки сахтӣ барад,
Писар чун падар нозукаш парварад…
Ба хурдӣ дараш заҷру таълим кун,
Ба неку бадаш ваъдаву бим кун…
Нигаҳ дор аз омезгори бадаш,
Ки бадбахту бераҳ кунад чун худаш.
Дида шуд: 250