Разоили ахлоқии занҳо

Муаллиф: Саъдии Шерозӣ

Сафар ид бошад бар он кадхудой,

Ки бонуи зишташ бувад дар сарой.

Дари хуррамӣ бар сарое бубанд,

Ки бонги зан аз вай барояд баланд.

Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ,

Бало бар сари худ на зан хостӣ.

Чу дар рӯи бегона хандид зан,

Дигар мард гӯ, лофи мардӣ мазан.

Зани шӯх чун даст дар қаля кард,

Бар ӯ гӯ, бинеҳ панҷа бар рӯи мард.

Чу бинӣ, ки зан пойбарҷой нест,

Субот аз хирадмандию рой нест. 

Дида шуд: 245