Вуҷуди ту шаҳрест пур неку бад,
Ту султону дастури доно хирад.
Ризову вараъ – некномони ҳур
ҳавою ҳавас – раҳзану кисабур.
Чу султон иноят кунад бо бадон,
Куҷо монад осоиши бихрадон?
Туро шаҳвату ҳирсу кину ҳасад,
Чу хун дар рагонанду ҷон дар ҷасад.
Ҳавою ҳавасро намонад ситез,
Чу бинад сарпанҷаи ақл тез.
Дида шуд: 273