Дар базми ҷаҳон навбати дигар нарасад,
Аз соқии ӯ дубора соғар нарасад.
* * *
Хурдем шароб ё нахурдем, гузашт,
Кардем шитоб ё накардем, гузашт.
* * *
Ёрон, ёрон! Чӣ рӯзҳо бигзаштанд,
Нохурда ба каф, чи ҷомҳо бишкастанд.
* * *
Эй кошкӣ ҷоми мо лаболаб бошад,
Умри ману ту «Ҳазору як шаб» бошад.
Дида шуд: 214