Ҷашни зебои зодрӯзи туст,
Аз каму ғам ҳамеша эмин бош!
Зодрӯзи ту бод ҳар рӯзе,
Рӯзи марги туро набинам кош!
* * *
Яксолагии туро бидидам, хуш бош,
Садсолагии туро бубинам, эй кош!
* * *
Дер омадаем ё ки зуд омадаем,
Дар рӯи замин барои суд омадаем.
* * *
Чун ту зебое ба дунё омадӣ,
Шӯру савдое ба дилҳо омадаст.
Чун ту яктое ба дунё омадӣ,
Бо ту дунёе ба дунё омадаст.
Дида шуд: 210