Дар хабарномаи тӯи кадхудоӣ

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Имшаб чи шабе, ситораборон бинед,

Ҳангомаи васли дӯстдорон бинед.

Имшаб Маҳу Хуршед ба дидор расанд,

Ёрон, ёрон, қирони ёрон бинед.

 

* * *

Хезед зи ҷо, ки ошиқон меоянд,

Домоду арӯси шодмон меоянд.

Имшаб ду ҷавон бағал кушоянд ба ҳам,

Ё дар бағали бахти ҷавон меоянд.

 

* * *

Имшаб ду баҳор бехазон хоҳад шуд,

Имшаб ду ситора ҳамқирон хоҳад шуд.

Имшаб ду ниҳоли боғ пайванд шавад,

Фардо нигаред, гулфишон хоҳад шуд.

Дида шуд: 218