Дар гаҳвора

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ту ҳоло кӯдакӣ, тифлӣ, биосой,

Дигарҳо баҳри ту андар талошанд.

Бимак пистон, забони модар омӯз,

Ки донишгоҳҳо қодир набошанд.

 

* * *

Кӣ гуфт зи гоҳвора то гӯр равем?

Мо аз раҳи дур бар раҳи дур равем.

 

* * *

Ба тобут аст роҳ аз гоҳвора.

Ба рағми дигарон з-ин раҳ ҳазар кун.

Ҳалолат бод, шири поки модар,

Зи гаҳвора ба ҷовидон сафар кун.

Дида шуд: 204