Нуқтаҳо чун лахчаи сарде нишони оташанд,
Нуқтаҳо чун захми дил аз рӯзгори нохушанд.
Нуқтаҳо ҳам бори маънӣ мекашанд.
Нуқтаҳо чун доғи дил,
Чун решҳои ҷони ту,
Нуқтаҳо чун захмҳо дар сафҳаи девони ту
Монда ҷои мардуми чашмони ту.
Ростиро, нуқтаҳои шеърҳои гумшуда
Аз басо шеъре, ки мебофем мо, гӯётаранд,
Пурсадо, пурдард, пурмаънотаранд.
Нуқтаҳо дар сафҳаи девони ту...
Баски даҳ аср аст меҷӯӣ ту роҳ
Бо дили маҷрӯҳу захми хунчакон
Аз замоне то замоне,
Аз маконе то макон,
Аз ҷигар, аз захми виҷдон, захми дида
Қад-қади раҳ хун чакида...
Нуқтаҳо чун қатраи хун
Аз дилат бар сафҳаи девон расида...
Ҳар нуқат чун гавҳари ду дидаи бинои ту
Акс созад сурати аъдои ту...
Дида шуд: 204