Дарахт

Муаллиф: Номаълум

Афтод дарахте, ки ба худ меболид,
Аз доғи табар ба хоки ғам менолид.
Гуфтам, чӣ касе ба решаат зад табар?
Гуфт, он кас, ки ба зери сояам мехобид.

Дида шуд: 216