Сатрҳои нотамом

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ба хотираи шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ

 

Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада

Монд бесоҳиб...

Дар оғози ҳаёт

Роҳҳо дигар шуданд,

Он гаҳ расид,

То шавад уммед анбози ҳаёт.

 

Он, ки дар дил дошт тӯфони сухан,

Он, ки меҷӯшиду дастон менавишт,

Он, ки бо сӯзи тамому меҳри пок

Мадҳи хубон, васфи ёрон менавишт.

 

Он, ки буд умри ҷавонияш қасам,

Дошт савганди муқаддас бар забон,

Ёфт майдоне, ки ҳатто андар он

Гум шудан ҳам нест беному нишон.

 

Ёфт вақте, ки ба номи зиндагӣ

Лаҳзаи он мешавад умри абад.

Ёфт қабре, ки аз он баҳри ҷавон

Рӯзгори ҷовидон сар мешавад.

 

Рафт ӯ аз худ бурун дар як нафас,

Тангно не, вусъатободе бихост.

Рафт сӯе, ки нагирад ҳеҷ кас

Бо дуруду бо сурудаш пешвоз.

 

Рафт...

Аммо аз раҳи худ барнагашт

Бар қафо чун офтоби кишвараш.

Рафт ҳамчун рӯдҳо баҳри ҳаёт,

Бар сипоси шири поки модараш.

 

Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада.

Монд бесоҳиб...

Ҳама шеъру суруд

Дар забону дар дилу дар роҳ монд,

Рӯз бегаҳ ношуда ҷовид шуд.

15.7.1964

 

* * *

Гумон дорӣ, ки баъди бо ту будан,

Пас аз бо ту нишастан, роз гуфтан,

Сари зулфи туро бозӣ намудан,

Бувад чизе кирои боз гуфтан?

 

Ҷавонӣ буду ту будию будам,

Ҷавонӣ рафту ту рафтию рафтам.

Дареғ аз роздориҳои шабҳо,

Ки пӯшонданд ҳар розе, ки гуфтам.

 

Ту пинҳон аз падар, аз модари худ

Шукуфтӣ аз висолу завқи дидор.

Ту аз савдои ҳастӣ будӣ масъуд,

Ҷаҳонат буд танҳо чеҳраи ёр.

 

Ту бар тақдир тан додию рафтӣ,

Зи худ ман бехабар будам ба ёдат.

Гулеро дида гуфтам он баҳор аст –

Биҷустам аз тасодуфҳо саодат.

 

Маломатҳои мардум рафт аз ёд –

Ману ту гӯиё бо ҳам набудем.

Нагуфтему набишнидем розе,

Ба ҳам ғамошно, ҳамдам набудем.

 

Чӣ суд аз нолаҳои талху ҷонкоҳ,

Чӣ суд аз ёди айёми гузашта,

Чӣ суд аз дарду андӯҳу ғаму оҳ,

Ки хокистар зи нав оташ нагашта.

 

Кунун андӯҳи худ, шодии худро

Ба ёди ту, ба ёди ту бигӯям.

Ба ҳар ҷое равам, ҳар ҷо нишинам –

Нишонатро зи дигарҳо биҷӯям...

23.7.1964

Дида шуд: 238