Фирдавсӣ ва Темур

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

(Ривоят)

 

Масти хун бо савлату боди бурут

Чун суи Эронзамин лашкар кашид,

Ланг-лангон Темури бедодгар

Бар мазори поки Фирдавсӣ расид.

 

Бар сари хоки гиромӣ по фишурд,

Мушти хокеро гирифту бод кард.

Баъд байти зерро бо заҳрханд

Гӯиё аз номи худ бунёд кард:

«Сар аз хок бардору Эрон бубин,

Ба чанги далерони Тӯрон бубин!»

 

Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр,

Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб.

Байти зеринро бихонду ғайб зад

Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб:

«Дар Эрон намондаст шеру паланг,

Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг...»

 

Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр,

Мушкилашро кард осон аскаре:

«Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд,

Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!»

 

Пирмарде гуфт: «Гоҳо, ҳазратам,

Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.

Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст,

Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд...»

1976

Илҳом аз «Шоҳнома»

Дида шуд: 274