Арвоҳи домангир

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Мепарад рӯҳи Рустами Дастон

Ҷониби мулки умри ҷовидон.

Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир

Мепарад аз қафош бо таъхир.

 

Аз миёни ғубори умри абад

Акси Суҳроби ял ба гавҳари чашм

Бингарад сӯи рӯҳи Таҳмина

Рӯҳи Рустам ба узр аз дари чашм:

 

Васли мо гӯӣ фасли мо будаст,

Эй дареғи муҳаббати инсон!

Васли як дам – фироқи якумрӣ,

Ишқи як шаб – азоби ҷовидон...

 

Ғарқа дар хоку хун тани Суҳроб

Хира тобад даруни чашмонаш.

Норизо аз ҳаёти ҷовидон –

Бинӣ аз зӯри худ пушаймонаш.

 

Дар лабонаш ҳазору як нафрин

Бар набарду кашокаши шоҳон.

Мепарад гарчи сӯи умри абад

Бар замин бингарад ба сад армон.

 

Рӯҳи Суҳроб – рӯҳи норозӣ

Мекашад низ аз гиребонаш.

Рӯҳи Таҳмина – рӯҳи домангир...

Мекашад бар замин зи домонаш...

1976

Илҳом аз «Шоҳнома»

Дида шуд: 198