Омад ба ёд

Муаллиф: Сайидои Насафӣ

Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи ҷуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам.
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайраз сипанд,
Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лолагун,
Теғи ноҳақхӯрда сайди бисмилам омад ба ёд.

Дида шуд: 332

2020 SHOIR.TJ