Ғанимат аст

Муаллиф: Сайидои Насафӣ

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,

Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст.

Бо комати хамида равам сӯи бӯстон,

Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.

Эй боғбон, зи боғ ба берун чӣ меравӣ?

Будан ба пойи сарви хиромон ғанимат аст.

Эй ғунча, cap зи ҷайб ба девонагӣ барор,

Якчанд рӯз чоки гиребон ғанимат  аст.

Паҳлӯи худ зи хоки чаман барнамекашам,

Чун соя, хоби зери дарахтон ғанимат  аст.

Эй Сайидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,

Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат  аст.

Дида шуд: 207

2020 SHOIR.TJ