Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд,
Магар беҳуда мерӯянд?
На зеби гулшане ҳастанд, на ҳусни гулистоне,
На дар гулдастае баста, на бинҳода ба гулдоне.
На зеби кокуле бошанд,
На дар печи дасторе.
На мечинад кас онҳоро, ки монанди гуле бошанд
Баҳри ёр аз ёре.
Валекин бо ҳазорон орзу аз хок мерӯянд,
Ки тухми хешро мерос бигзоранд.
Ҳама хуршед меҷӯянд,
Ҳама аз зиндагӣ уммедҳо доранд,
Ки шояд як замон марде табиатдӯст
Забондони табиат, ҳолдони ҳар гиёҳу сабзаи худрӯст
Биёмӯзад забони безабониҳои ононро,
Нишон бидҳад нишони бенишониҳои ононро,
Ба онҳо ном бигзорад
Ва тухми аслашонро дар замини бӯстон корад...
Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд,
Магар беҳуда мерӯянд?
1980
* * *
Аввали ишқ – осмони баланд,
Охири ишқ – хоки домангир.
Аввали ишқ – орзуҳо гарм,
Охири ишқ – орзуҳо пир.
Аввали ишқ – даст бар гардан,
Охири ишқ – дастудилшӯӣ.
Аввали ишқ – рӯ ба рӯи ёр,
Охири ишқ – рӯ ба берӯӣ.
Аввали ишқ – гул ба кокулҳо,
Охири ишқ – мушти хору хас.
Аввали ишқ – соҳиби дунё,
Охири ишқ – мурдаи бекас.
Аввали ишқ – лофи мардона,
Охири ишқ – туҳмати номард.
Аввали ишқ – синаи пуршӯр,
Охири ишқ – синаи пурдард.
Аввали ишқ – бӯсаи ширин,
Охири ишқ – талху шӯриҳо.
Аввали ишқ – нашъаи дидор,
Охири ишқ – заҳри дуриҳо.
Аввали ишқ – гулфишони баҳор,
Охири ишқ – баргрезиҳост.
Аввали ишқ – аввали дунё,
Охири ишқ – охири дунёст!
2.1.1980
Дида шуд: 198