Шаҳри ман, шаҳри ҷавонию баҳор,
Шаҳри ишқу орзуҳои дилам,
Дар ту сар шуд, дар ту хоҳад шуд тамом
Ошиқиҳо, ҷустуҷӯҳои дилам.
Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
Чун чароғони шабони иди ту,
То биафзоям зи шеъри оташин
Шуълае бар оташи ҷовиди ту.
Он қадар хоҳам сафои шеъру ишқ
Ҳамчу оғӯши баҳористони ту,
То шавад баъди хазони ман зиёд
Як чанор андар чанористони ту.
Лек медонӣ магар рози маро?
Лек медонӣ ғаму андешаам?
Худ ту кардӣ дар канори равшанат
Шоирию ошиқиро пешаам.
Дар хиёбони ба номи шоире
Хонаи як хонуми сабзина аст.
Достони ишқи шӯрангези мо
Он қадар нав, он қадар дерина аст.
Аз хиёбони ба номи шоире
Чун ба гӯшам занги тилфон мерасад,
Ҳамчу эъҷози илоҳӣ дарзамон
Орзуҳоям ба сомон мерасад.
Лек ҳар гаҳ аз фазоят чун ғубор
Бар димоғам бӯи ҳиҷрон мерасад,
Дар хиёбони ба номи шоире
Шоирии ман ба поён мерасад.
Чун набинам чеҳраи сабзи варо
Зери гулборони кӯю барзанат,
Мешавад гӯӣ сари сабзам хазон,
Мешавад дастам раҳо аз доманат.
Шаҳри ишқу шаҳри ишқомӯзи ман,
Сарпарастӣ кун маро, баҳри худо,
Чашми бад дорад басо кӯю дарат,
Ишқи моро ҳифз кун аз ҳар бало.
Ишқи моро ҳифз кун аз ҳар бало,
Шод кун ҳар дам димоғи ошиқон,
То намонад дар дару деворҳот
Ҳеҷ осоре зи доғи ошиқон.
Лек ҳар вақте ки бо сад дарду доғ,
Лек ҳар вақте ки бо сад нангу ор
Аз ҷаҳон аз кӯчаи ӯ бигзарам,
Кӯчаи ӯро ба номи ман гузор!
Кӯчаи ӯро ба номи ман гузор,
Эй Душанбе, пойтахти бахти ман,
То сари шохи чанори кӯи ӯ
Шуълавар монад дили ман баъди ман!..
16.12.1979
* * *
Як шабе бехаёл дуздона
Маст, ғалтон ба кӯи ту рафтам.
Дил як ошуфт, ҳар чӣ бодо бод,
Боз дар ҷустуҷӯи ту рафтам.
Як шабохун задам ба эҳсосат,
Руҷъате бар замири ту кардам.
Рахна кардам дили харобатро,
Боз пешат ниёз овардам.
Хона беназм, рӯзгори пареш,
Қисмати сахту бесаробоне.
Аввали ишқ – бӯсаю оғӯш,
Охири ишқ – хонавайронӣ.
Шикваҳо хост аз дару девор,
Аз ду чашмат сиришки ҳасрат рехт,
Ман ки як вақт ошиқат будам,
Бар сарам жолаи маломат рехт.
Суратат, сурати ҷавоният
Аз ҳамон чорчӯби зарандуд
Сӯи ман бо умед менигарист,
К-охири ишқи мо чӣ хоҳад буд?
Оваҳ, оваҳ, чи рӯзгоре буд –
Кӯдакона хаёлбозиҳо.
Бехудиҳову хештансозӣ,
Худшиносиву дилгудозиҳо.
Ҳам зи худ дур, ҳам ба худ наздик
Домани ёру домани коре...
Аввали ишқ – хандаю шӯхӣ,
Охири ишқ – ранҷу озоре.
Ҳар ду чанде фасона бофидем,
Гум шудем оқибат дар афсона.
Баъди ҳамдӯшиву ҳамоғӯшӣ
Инак имрӯз ҳар ду бегона...
Сархаму бедимоғ аз кӯят
Боз бехуд ба кӯи худ рафтам.
Ҷустуҷӯи ту омадам, аммо
Боз бар ҷустуҷӯи худ рафтам.
Ман чӣ созам, ки андар ин дунё
Аз муҳаббат касе наёсудаст.
Аввали ишқ – нашъаи бода,
Охири ишқ дарди сар будаст...
1980
Дида шуд: 194