Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,
Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.
Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳамоташи Зардуштем,
Мо оташи Зардуштӣ нокушта намекуштем.
Ҳамтешаи Фарҳодем, андеша намекардем,
Ҷуз решаи Аҳриман мо теша намекардем.
Аз давраи Деваштич дар кӯзаи мо девест,
Ин деви адоват нест, ин деви ватанхоҳист.
Чун Золи Зар аз модар кам бачча таваллуд шуд,
Ҳам рӯи сафедаш буд, ҳам мӯи сафедаш буд.
Мо ҳам, ки аз он зотем, мо ҳам, ки аз он бобо,
Ҳам мӯи сафед аз мост, ҳам рӯи сафед аз мо.
Дар қиблаи дил моро тоҷе ҳама меҳроб аст,
Дар қиблаи дил моро меҳроб на, Суҳроб аст.
Дар бозуи дил моро як панҷаҳи кӯтоҳ аст,
Бо панҷаи кӯтоҳаш аз Борбад аст ин даст.
Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд,
Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.
Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем,
Девори Бухороем мо ҳам, кӯҳи хороем.
Як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем,
Ҳам вориси Ковӯсем, ҳам вориси номусем.
Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,
Ҳамшаҳри ба номусем, ҳамшаҳри ба иқболем.
Ба кохи Аҷам кӯҳ аст, дар мури Аҷам мир аст,
Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шеъри Аҷам шер аст,
Шере, ки дар анбуҳи найзори қалам хоб аст,
Шери нари шеърашро душман натавонад баст
Дида шуд: 282