Достони "Писари ватан" 2

Муаллиф: Мирзо Турсунзода

Арӯси оташинрухсори пирӯз
Даме ки шуд ниҳон аз дидаи рӯз,
Чароғи барқи Илич шуд фурӯзон,
Мунаввар шуд хиёбони деҳ аз он.
Ба деҳ аз ҳар тараф одам даромад,
Замин, гӯё кафид, одам баромад.
Гумон кардӣ сипоҳе аз дили дашт
Пас аз ҷанге ба лашкаргоҳ баргашт.
Гумон кардӣ, ки дарёе дамида
Баромад обаш аз соҳил ҷаҳида.
Сипаҳ буд ин – сипоҳи колхозӣ,
Пас омад бо ҳазорон сарфарозӣ.
Хурӯшонтар буд аз дарёи Ҷайҳун,
Ту худ донӣ, ки мавҷи он бувад чун!
Сипаҳ шуд соҳиби фатҳи кабире,
Ки буд он фатҳ фатҳи беназире.
Баромад халқи боазму ирода
Ба каф асбоби нусратро ниҳода,
Ки бар саҳрои хушку бенаму об,
Ба чӯли солҳо афсурда аз хоб
Барад оби равони нуқрасонро,
Нишони зиндагии ҷовидонро.
Ҳама баргашт аз кору ду кас нест:
Ду ёри дил пур аз ишқу ҳавас нест.
Ду қатра имшаб аз дарё ҷудо шуд,
Ҷудо имшаб ду боз аз бозҳо шуд.

Дида шуд: 650