Достони "Писари ватан" 1

Муаллиф: Мирзо Турсунзода

Падар мезад нишаста назди фарзанд
Варақ заррин китоби ҳикмату панд.
Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ
Саросар достони қаҳрамонӣ:
Гаҳе аз мардии Фарҳод мегуфт,
Гаҳе аз Хусрави бедод мегуфт.
Гаҳ аз виҷдони Лайлии гуҳарпок,
Гаҳ аз фарёди Маҷнуни ҷигарчок.
Гаҳ аз Заҳҳоки Морон достоне,
Гаҳе аз ҷанги Оҳангар баёне.
Ба фарзандаш падар мегуфт такрор,
Ки ин панди маро дар гӯши худ дор:
Дар ин дунё ҳар он чизе, ки дидам,
Ҳар он чизе, ки аз мардум шунидам.
Сухан аз ишқу аз занҷир буданд,
Зи шӯри халқи бетақсир буданд.
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
Муқаддас дошт ҳар кас, ки шарафро,
Набинад ҷабри зулми нохалафро.
Барои бахти хандону чунин рӯз
Намудам ҷанг бо хасми ҷаҳонсӯз.
Ба дастам буд теғи партизонӣ
Дурахшон чун чароғи зиндагонӣ.
Диёре, ки ба рӯйи туст хандон,
Туро боғе, ки мебошад гулистон.
Замине, ки дар он по мегузорӣ,
Ба он ту меҳри беандоза дорӣ,
Пур аз хунҳои сурханду сиёҳанд,
Ба ҷанги беамони мо гувоҳанд.
Фақат куштам, задам, хун рехтам ман,
Паёпай хоки золим бехтам ман.
Ту озодӣ, писарҷонам, ту озод!
Туро мурғи саодат бол бикшод.
Ба нафъи ту равон дар ҷӯй об аст,
Замин зархезу дурафшон саҳоб аст.
Барояд меҳр гарм аз қалби ховар
Барои диданат чун меҳри модар.
Шуда зикри забони халқ номат,
Ба ҳар ҷо менамоянд эҳтиромат.
Чаро номи ту Қодирпаҳлавон шуд?
Ба меҳнат чунки зӯри ту аён шуд.
Туро имрӯз чӯянвор тан ҳаст,
Ду дасти кӯҳкан, оҳаншикан ҳаст.
Ту аз даврону даврон аз ту розӣ,
Ватан дорад зи номат сарфарозӣ.
Чи гул кардаст айёми ҷавонет!
Чи хушбӯй аст боғи зиндагонет!...
Ҳаёт он қадр неъматҳо расондат,
Ки дигар ҳеҷ камбудӣ намондат.
Бароят лек як чизи дигар кам,
Ки онро орзу дорад падар ҳам.
– Падар, гӯед то фаҳмида гирам!
– Ту медонӣ, ки ман як марди пирам.
Ҷавонона намояд гарчи рӯҳам,
Вале чун офтоби нӯги кӯҳам.
Ҳамехоҳам, ки дар тӯят нишинам,
Шаби домодиятро ман бубинам.
Рухи шармини Қодир ногаҳонӣ
Ниҳон шуд зери ранги арғавонӣ.
Хаёлаш болу пар зад чун кабӯтар,
Нишаст ошуфта рӯйи боми дилбар.
Падар оё хабар ҳаргиз надорад,
Ки дар колхози худ ӯ ёр дорад?
Намедонад, ки ду дил бо як оҳанг
Ба домони муҳаббат мезанад чанг?
– Падар, монед ин гапҳои худро –
Ҳаминро гуфт Қодир, хест аз ҷо.

Дида шуд: 659