Пеш гардад рӯди кӯҳӣ бехабар аз пушти сар,
Дар раҳи худ бар қафояш ҳеҷ нандозад назар.
Аз намаш хуррам шавад дашту биёбони фарох,
Кӯҳсоронро кунад пайваста бо баҳри Хазар.
Рӯд гирад ибтидо аз кӯҳсорони қатор,
Деҳаҳову шаҳрҳоро рӯд орад навбаҳор.
Рӯд хушкидан надорад, ҳаст шӯху беқарор,
Модаре чун кӯҳ дорад дар мақомаш устувор.
Дида шуд: 361