Ҷуфти ҳамбол

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ману ту ҳар ду монандем –

Ту ҳам тифли баҳорониву ман ҳам,

Ту ҳам фарзанди борониву ман ҳам.

 

Ҳамегӯянд, андар зодрӯзи мо

Чу пайки бахти мо бодом гул мекард.

Дар он рӯзе, ки моро зода буданд

Ба зери гунбади як осмон, аммо

Ду боми дур аз ҳам чанд фарсахҳо,

Ки медонист рӯзе, соате, дар манзиле

Зери навои резиши борон

Ману ту рӯ ба рӯ оем чун ёрони ҳампаймон...

 

Чи асроре!

Туро гӯё ба чашми дил,

Ба чашми орзуҳои наҷиби худ

Ба ин шӯру ҷунуну хуни гарму ношикеби худ

Басо сол аст некӯ мешиносам,

Чи ногаҳ омадӣ дар рӯзгори ман,

Ту, эй пайки баҳори ман!

Туро чун бахшиши ранҷу такопӯ мешиносам.

 

Ту ногаҳ омадӣ, аммо

Чи огаҳ омадӣ аз буду нобудам.

 

Туро бо гармҷӯшиҳои мастона,

Туро бо лоуболиҳои риндона,

Туро бо беқарориҳои бесомон,

Туро бо дилшикориҳои бедармон

Кунун дар рӯ ба рӯи хеш якрӯ мешиносам.

 

Кунун ман мехурам бо ту ғами нохурдаи худро.

Кунун ман аз ту меҷӯям ҳама гумкардаи худро.

Ту ҳар ҷое, ки бе ман бошӣ, бо ман бош

Ки ман ҳам ҳар куҷое бе ту бошам, бо ту хоҳам буд...

 

Ту медонӣ,

Басо ёрон, ки дар як хона ноёранд,

Чи маҳҷурон, ки бо ҳам ёру дилдоранд.

Басо ҷуфте, ки дар як хона танҳоянд,

Басо танҳо, ки аз ҳам дуру якҷоянд...

 

Ману ту ҷуфти ҳамдардему ҳамдил,

Ману ту ҷуфти ҳампарвозу ҳамбол –

Ду тан з-он ташнадилҳоем,

К-андар соате ин ташнагӣ моро

Сари сарчашмае овард.

Ва дар он ҷо нигоҳи ташнаи ман

Бо нигоҳи ташнаат бархурд...

 

...Агар мо тифли борону баҳорем,

Бибояд ҳар баҳор аз нав бирӯем.

Пас аз мо низ бояд гул кунад бодом,

Пас аз мо низ бояд гул кунад айём...

1973

 

* * *

Имшаб аз кӯчаи хаёлам боз

Сояи қоматат чамон бигзашт.

Бенишон буд ишқи мову ту,

Сояат низ ончунон бигзашт.

 

Лек бар решҳои куҳнаи дил

Намаке зад, ки сахт месӯзад.

Хонаамро чунон тагорӯ кард,

Ки ҳама рахту пахт месӯзад.

 

Ҳамчу нури ситораи мурда

Нури ишқат ба синаам рахшид.

Гӯшаи тираи хаёламро

Чашмат аз дур равшанӣ бахшид.

 

Боз чил кокулу ҷамолакҳо,

Он хафабанду он сари сина,

Он вуҷуди бадеъу маъсума,

Он саволу ҷавоби дерина...

 

Боз мактубу боз пурсишҳо,

Ки чаро ошиқон ҷудо миранд?

Баҳри чӣ ишқ бебақо бошад,

Ошиқон ҷумла аз хато миранд?

 

Бевафоянд аз чӣ рӯ мардон,

Қадри ашки занон намедонанд?

Аз муҳаббат ба ғайри бӯсу канор

Достони дигар намехонанд?

 

Оҳ, ин достони бесарунӯг

Қиссаҳои «Ҳазору як шаб» нест,

Ки варо кас бихонаду гиряд,

То бигӯяд, ки аз куҷо ё чист...

 

Достонест ишқи инсонӣ,

Ки пур аз ребу рангу дастон аст.

Эй бад он, ки зи ишқ суде ҷуст,

Эй хуш он, ки зи ишқ мастон аст.

 

Мо ҳам андар ҷаҳони навбатбоз

Навбати хешро ба сар бурдем.

Ҷоми навбат ба дасти мо бишкаст,

То лаби хушку чашми тар бурдем.

 

Ҳар кӣ будем мову ту, бигзашт,

Оби рафта ба ҷӯ наояд боз.

Оби рӯ ҳам чу оби ҷӯ бигзашт,

Дигар он оби рӯ наояд боз.

 

Ҳар куҷое, ки бошӣ, ошиқ зӣ,

Ман барои ту шеър мегӯям.

Он гуле, ки баҳор гум кардам,

Ҳасрато, тирамоҳ меҷӯям...

1973

 

* * *

Гарчи мониқалам Рафоэлло,

Хона нокарда аз ҷаҳон бигзашт,

Аз арӯсаш надида оғӯше,

Бас ҷавон ӯ аз ин макон бигзашт,

 

Лек дар остони тӯю сур,

Интизори висоли ёраш мурд.

Ҳам арӯсаш дар интизори ӯ

Бекасу номурод ҷон биспурд.

 

Ҳарду ноком, лек хушкоманд

Дар ҷилою сафои ҳар тасвир.

Ҳарду ҷовид дар нигоришҳо

Ҳамчу тасвири ишқи беохир.

 

Ҷовидон ин – арӯс, он – домод,

Ҷовидон интизори якдигар.

Носабуранд ҳарду дар мадфан,

Носабури висоли якдигар.

 

Ҳамчунонем мову ту, эй ёр,

Ҳамчунонем, ёри деринам.

Ту маро ҳеҷ гаҳ нахоҳӣ ёфт,

Ҳам туро ман дигар намебинам.

 

Мову ту лек дар суруди ман

Гӯӣ ҳастем ҷуфти ҳамхона.

Худфиребист гарчи ин «гӯё»,

Интизорист гарчи афсона.

 

Мову ту дар ҷудоӣ наздикем –

Интизори висоли якдигар.

Мову ту рӯбарӯю аз ҳам дур,

Ҷовидон дилкашоли якдигар...

1973

 

* * *

Баҳоре буд,

Баҳоре буду ишқе буду ёре буд,

Ғурури саркашеву ифтихоре буд.

 

Дарахтон ғарқи гул буданду баргу бор,

Хуморӣ буд чашми ғунчаи бедор,

Ба чашми ман, ба чашми пурхаёли ёр,

Ҷавонӣ буду ишқу лаззати дидор.

 

Зи чашми ӯ нигоҳи ғунча метобид,

Ба ҳар як тори мӯяш шеър мерақсид,

Ба қаддаш шӯълаи хуршед меларзид,

Зи лабхандаш гули уммед механдид.

 

Саропо ҳайкали ишқу таманное,

Ҷунуну шавқу тамкину шикебоӣ.

Дар ин дунёи танг оварда дунёе

Ба зебоиву барноиву шевоӣ.

 

Диле аз тору пуди шеъри ҳассон дошт,

Сириште пок чун субҳи баҳорон дошт,

Сиришке пок чун борони найсон дошт,

Ҷаҳони тозарӯи баъди борон дошт.

 

Ман аз ӯ рафтаму ҷонам дар озар рафт,

Дили гапнодароям бесару бар рафт.

Ҷунуни саркашам коҳиду аз сар рафт,

Агарчи бар дили ман неши ханҷар рафт.

 

Ман ӯро рӯзафзун дӯст медорам,

Ман ӯро бо дили хун дӯст медорам.

Бурун аз ҳукми гардун дӯст медорам,

Бурун аз ҳадди қонун дӯст медорам...

 

Баҳоре буд,

Баҳоре буду ишқе буду ёре буд,

Ҳама ҷонсӯзиям аз дӯстдорӣ буд...

1973

 

* * *

Ман хушомад мезанам бар қуллаҳо,

Мекунам таъзим пеши пояшон.

То шавам монанди онҳо сарфароз,

То бароям бар баландиҳояшон.

 

То чу онҳо ҳар саҳар хуршедро

Саркашу мағрур гирам пешвоз.

Тез бошам мисли теғи қуллаҳо,

Мисли ҳар як теға бошам бениёз.

 

То гурезам дур аз харсангҳо,

То шавам наздиктар бар офтоб...

1973

 

* * *

Ошиқоне баланд мегӯянд:

«Ҷону дил сарфи нозҳои Шумо.

Ҷону дил чист? Андар ин дунё

Буду нобуди мо фидои Шумо».

 

Лофи бисёр, ваъда бебаркаш,

Аз ҳавою ҳавас ҷавонмарданд.

Дар раҳи ишқ чун ғаве бинанд,

Аз раҳи аҳди хеш мегарданд!

 

Гушнамастанду дилтиҳӣ бархе,

Ишқро зочабозӣ медонанд,

Нимҷоневу толиби ҷонон,

Ҷонфишоневу лек беҷонанд...

 

Дар назар гарчи рост мегӯянд,

Лек андар замир каҷбозанд.

Борашон чун расид бар манзил,

Ёди ёрони раҳ намесозанд.

 

Мекашанд оҳ, мекунанд афғон,

«Бе туям зиндагист гӯристон...»

Бингарӣ боз зинда мегарданд,

Кас надонад, ки чист ин чистон...

 

«Чун ту ёри дигар куҷо ёбам!» –

Номаҳои бадарди тӯлонӣ...

Бингарӣ хуб, ёри дигар ёфт,

Ҳам варо гуфт: «Беҳтар аз ҷонӣ...»

 

Ростӣ, ҳар кӣ «сӯхтам» гӯяд,

Чун накӯ бингаред, бедард аст.

Ҳар кӣ фарёд мезанад «Ман – мард!»

Рӯзи майдон заифу номард аст.

 

Ошиқиҳои аҳди мост аҷиб –

Меҳрубонию лутф арзонист.

Ҳар қадар лофи ошиқӣ бизанем,

Дар дили мо ҷунуни Маҷнун нест.

 

Ишқ гарчи зи бозӣ оғозад,

Охири ӯ ҳамеша ҷонбозист.

Аз ҳама бурду бохтҳои ишқ

Ошиқ он аст, ки зи дил розист.

 

Ошиқему валек сад афсӯс

Дар фани ишқ ҷумла ҳайронем.

Маънии бешумор дорад ишқ,

Асли маънишро намедонем...

1973

 

* * *

Касе бо ту ғами дилро нагӯяд,

Касе бо ту раҳи фардо наҷӯяд.

Чи бадгавҳар, чи нимодам, чи зиштӣ,

Ки кас бо ту гули хоре набӯяд.

 

На марди хонаӣ, на аскари шоҳ,

На шодиву наӣ ҳам аз ғам огоҳ.

На шӯрӣ, бенамак ҳам нестӣ ту,

На раҳҷӯӣ, наӣ ҳам марди гумроҳ.

 

На фардоӣ, на имрӯзӣ, шигифто!

На мағлубӣ, на пирӯзӣ, шигифто!

На ҷустиву на гум кардӣ матоъе,

На месозӣ, на месӯзӣ, шигифто!

 

Зи як то ду шумурдӣ, ваҳ чӣ ҷуръат!

На хӯрдиву на бурдӣ, ваҳ чи ҳиммат!

На соҳил донадат, на қаъри дарё,

На мондиву на мурдӣ, ваҳ чи хилқат!

 

Ту бадбахтӣ, ки танҳоӣ, бародар,

Ки худбиниву худхоҳӣ, бародар.

Зи дигарҳо наёсудан бадеҳист,

Ту аз худ ҳам наёсоӣ, бародар.

1973

 

* * *

Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ

Гоҳ гумроҳему гоҳо раҳбарем.

Гоҳ бо сар медавему гаҳ ба по,

Гоҳ саргардону гоҳо сарварем,

Эй дили дарёи ман, парво макун.

 

Гоҳ-гаҳ навмед хонандат касон,

Худ намедонанд аммо кистанд.

Чун шудам таҳдони молу ҳолашон,

Он қадар аз хеш розӣ нестанд,

Эй дили дарёи ман, парво макун.

 

Дидам онро, ки туро навмед хонд,

Дар дилаш бас орзуҳо мурдаанд.

Эй басо кас, ки зи беандешагӣ

Чӯҷаро то тирамаҳ бишмурдаанд...

Эй дили дарёи ман, парво макун.

 

Дидам андар умри кӯтоҳи сарам,

К-ин ҷаҳон будаст бозори ҳавас.

Иддае оранд колои сақат,

Зумрае оранд ганҷи ҳар нафас,

Эй дили дарёи ман, парво макун.

 

Қофиябозӣ чӣ осон бозиест,

Гар набошад шоири андешаманд.

Баски истеъдод ҳар сол аз замин

Мисли пундона нарӯяд чанд-чанд...

Эй дили дарёи ман, парво макун.

 

Мо ҳама бо сад ҳазорон пушту рӯ

Хостгори марзи кишту ҳосилем.

Дар назар комилиёру тандуруст,

Лек бо дарди сару дарди дилем,

Эй дили дарёи ман, парво макун.

 

Ин ҷаҳони песаи пурбешу кам

Розию норозие дорад басе.

Сад ҳазорон ранг дорад зиндагӣ,

Ранги аслашро магар донад касе?

Эй дили дарёи ман, парво макун.

1973

Дида шуд: 207